Дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар майдони ҳавойии шаҳри Анқара бо роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Туркия –Тоҷикистон Аҳмед Узер мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар ва табодули таҷриба дар ин самт таъкид намуданд. Тарафҳо ҳамзамон нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии ду кишварро дар раванди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ба таври умум ҳамкориҳои байнипарлумониро ба сифати омили муҳими густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Туркия хонда, хостори густариши бештари ҳамкориҳо миёни намояндагони парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия гардиданд.Ҷонибҳо ҳамзамон дар робита ба ҳолати муносибат ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноат, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.Худи ҳамин рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз оромгоҳи муассис ва раҳбари аввали Ҳизби Ҷумҳуриявии Халқии Туркия, аввалин Президенти Ҷумҳурии Туркия, асосгузори давлати муосири Туркия Мустафо Кемал Отатурк дидан намуда,ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷасамаи ин абармарди таърих гулчамбар ва соядаст гузоштанд.