11 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйе мулоқот карданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ, изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин зимн густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро муҳокима карданд.
Ҳавасмандии зиёд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва гуманитариву фарҳангӣ, аз ҷумла соҳаҳои энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, зоҳир гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ баррасӣ карда шуд.
Дар охири суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия хонум Элиан Тилйе даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.