Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса сафари расмӣ анҷом медиҳанд

12-14 октябри соли 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳангоми сафари мазкур баргузории вохӯриҳо дар сатҳи олӣ дар назар дошта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и Париж ва чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат хоҳанд варзид.