Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши изҳорот дар сомонаи худ хабар медиҳад, ки овозаи шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, собиқ узви ТЭТ ҲНИ дар муассисаи ислоҳии 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
«Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон — Турсунов Аслиддин Қобилович, ки бо бандҳои “а”, “б”, “в”, “г”, “ж”, “з” қисми 2 моддаи 181 ва қисми 1 моддаи 186-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст», — омадааст дар изҳороти Вазорати адлия.
Дар идома омадааст, ки роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ, бинобар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ, худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ барои адои ҷазо ворид намуд.
Муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накардааст.
Хабарҳои бардурӯғи баъзе созмонҳои ифротӣ доир ба гӯё шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иғвои маҳз буда, аз он далелҳои болозикр далолат медиҳанд.