Коркарди боғот дар тирамоҳ – заминаи устувор барои серҳосилии дарахт

Яке аз самтҳои сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ин соҳаи боғдорӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон низ рушди соҳаи боғу токпарвариро яке аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт ҳисобиданд. Гузашта аз ин агар ба таърих назар афканем, мардуми кишвари мо аз азал боғпарвар буд ва тибқи хулосаи коршиносони соҳа Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои пайдоиши дарахтони мевадиҳанда ба ҳисоб меравад.

Шуруъ аз солҳои соҳибистиқлолии мамлакат, дар доираи  амалӣ гардидани аз чор як ҳадафи стратегии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи боғдориву зироаткорӣ дар саросари кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.            

Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги  амнияти  озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров мегуяд, ки сиёсати дурусти аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ майдони боғот 112 ҳазор гектар зиёд гардида, истеҳсоли меваҷоту ангур  ба  709 ҳазор тонна расид.

 Дар хамин хол ёдрас мешавем, ки барои конеъ гардонидани талаботи истеъмоли мардум мувофики меъёри физиологӣ, 200 грамм мева дар як руз мукаррар гардидааст. Дар давлатхои пешрафтаи дунё бошад ба хар як нафар дар як руз 1,2-1,5 кг меваю ангур мукаррар карда шудааст, ки ин нишондод назар ба чумхурии мо 6-7 маротиба зиёд мебошад.

Агар марди боғпарвар имконияту зарфияти боғдории мамлакатро самаранок истифода кунад, на танҳо бозори истеъмолии кишварро бо меваҷот таъмин менамояд, балки кишварро ба яке аз мамолики содиркунандаи меваҷот дар минтақа табдил мегардонад. 

Баробари ҷамъоварии меваҷот дар фасли тирамоҳбоғпарварро мебояд, ки ба мавсими оянда замина гузорад. Барои ин бояд ҳатман ў ҳамин шабу рўз боғотро коркард кунад.

Фирўз Баротов – номзади илмҳои кишоварзӣ низ дар суҳбат бо мо  зарурияти коркарди тирамоҳиро мурим шуморида мегўяд, ки истифодаи дурусти амали агротехникӣ дар боғот ба ҳосили оянда заминаи мусоид мегузорад.

Воқеан ҳам, агар марди боғпарвар дар фасли тирамоҳ дар боғ амалиёти агротехникӣ гузаронад, ҳатман барои ҳосили фаровону хушсифат замина мегузорад.  Чун  боғу токпарварӣ соҳаи даромадноки кишоварзӣ буда, барои фаровонии дастархони мардуму ғизои солим барои сокинони ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад, аз ин рў истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ дар давраи тирамоҳу зимистон муҳим аст. Ба ибораи дигар рўёнидани ҳосили баланди маҳсулот ба риояи ҳатмии агротехникаи парвариш ва нигоҳубин рабт доранд, пас деҳқононро мебояд, ки дар ин самт қадами устувор гузорад.

Муродулло Раҳимов

радиои “Тоҷикистон