5 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардид. Бино бо тарҳи замонавӣ дар 4 ошёна сохта шудааст.
Дар таҳхонаи бино ҳаммоми замонавӣ барои мардон ва занон дар алоҳидагӣ бо тамоми шароит бунёд гардидааст. Ба хотири сарфакории неруи барқ, дастандаркорон гармидиҳиро тариқи ангишт ба роҳ монда, ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера тадбирандешӣ кардаанд.
Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбоби маишӣ ҷойгир карда шудааст.
Дар заминаи таҳкими муносиботи мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон роҳбарияти маркази хизматрасонӣ бо ширкати Артели (Artel) Ҷумҳурии Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд.
Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешаванд, ки сифати баланд дошта, эҳтиёҷоти сокинонро бароварда месозанд.
Қаблан дар шаҳр коргоҳи хушкашӯӣ мавҷуд набуд ва сокинон ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷот ба шаҳри Душанбе сафар мекарданд. Коргоҳи мазкур барои мардум хизмат расонида, яке аз мушкилиҳои асосии аҳолиро осон менамояд.
Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии дӯзандагӣ ва поракунию дигар таҷҳизоти зарурӣ таъсис дода шудааст. Дар ин марказ асосан занҳо ба кор ҷалб шудаанд. Бунёди ин маҷмааи хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади ҳиссагузории бештар дар ободонии маҳал, рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандон сурат гирифт.
Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхона бо шаш ҳуҷра бо тамоми шароити зарурӣ бунёд шудааст ва барои қабули 12 нафар дар як вақт омодаи кор мебошад.