4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дидан намуданд.
Беморхона бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки олмонии рушд ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра таҷдиду навсозӣ ва бо навтарин таҷҳизоти ташхисию табобатӣ таъмин шудааст.
Масоҳати умумии иншоот беш аз 3 гектарро ташкил дода, бинои асосии он сеошёна мебошад. Корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ бо ҷалби сокинони маҳаллӣ сифатнок ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳа анҷом додаанд.
Долонҳо, ҳуҷраҳои корӣ, бистаригардонӣ ва дигар иншооти ëрирасони беморхона бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ пурра навсозӣ шуда, солҳои зиëд хизмат намуданаш кафолат дода мешавад.
Рахтҳои хобу ҷевон ва дигар лавозимоти ҳуҷраҳои бистаригардонӣ солҳои зиёд истифода шуда, корношоям гардида буданд. Акнун бо назардошти талаботи замон пурра иваз ва ба стандарти байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Ҳуҷраҳои корӣ ҳам бо мизу курсӣ, компютер ва дигар ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи марказии ноҳия аз 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, кӯдакона, ёрии таъҷилӣ, амалиёти ҷарроҳӣ, ҷарроҳии кӯдакона, ҷарроҳии калонсолон ва таваллудхона иборат аст. Беморхона дорои 194 кат буда, дар он шароити зарурӣ барои ташхису табобат мавҷуд мебошад.
Таҷҳизоти нав васлу насбшуда, аз ҷумла рентген, ултрасадо, дастгоҳи сабти барқии дил, асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор ва ғайра истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад ва бо истифода аз ин гузаронидани ҳама гуна ташхису табобат имконпазир аст.
Дар доираи лоиҳаи “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” ба беморхона 120 номгӯй дастгоҳу таҷизот ва лавозимоти тиббӣ ворид карда шудааст. Қаблан дар ноҳия барои расонидани чунин хизматрасониҳои тиббии муосир ба аҳолӣ бо истифода аз таҷҳизоти рақамӣ шароит мавҷуд набуд. Аз ин рӯ сокинон ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ба шаҳри Душанбе мерафтанд. Баъди таҷдиди пурраи беморхонаи мазкур ва муҷаҳҳаз намудани он бо технологияи навтарини соҳа сокинон имкон пайдо намуданд, ки дар маҳал пурра ба ташхису табобат фаро гирифта шаванд.
Барои таъмиру таҷдиди бинои беморхона ва ҷиҳозонидани он бо дастгоҳу таҷҳизоти соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки олмонии рушд беш аз 53 млн. сомонӣ сарф намудааст.
Дар беморхона беш аз 450 нафар, хосса табибон, кормандони миëна ва хурди тиб фаъолият доранд, ки дорои таҷрибаи ғании корӣ буда, бо истифода аз технологияи навтарини соҳа ба аҳолӣ хизмат марасонанд.
Об бо истифода аз таҷҳизоти барқии офтобӣ гарм ва ба беморхона таъмин карда мешавад. Ҷиҳати таъмини доимии қувваи барқ дар беморхона ду трансформатори нав бо иқтидори 1000 кВт насб шуда, ҳамчунин ду дастгоҳи дизелии истеҳсолкунандаи барқ бо иқтидори 150 кВт мавҷуд аст.
Дар доираи лоиҳа иншооти обтаъминкунӣ ва корезии беморхонаро низ аз нав сохта, таҷҳизоташро пурра иваз намудаанд. Дар иншоот таҷҳизоти гармидиҳии замонавӣ васлу насб шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру таҷдиди пурра ва муҷаҳҳаз намудани Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъро бо таҷҳизоти замонавии соҳа туҳфаи арзишманд дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинон ҳисобида, кормандони соҳаро ба эҳсоси баланди масъулият ва истифодаи самараноки имконоти мавҷуда дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ ҳидоят намуданд.