Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд

1 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмон Владимир Воронков мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аснои вохӯрӣ дар баробари масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, аз қабили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ вазъи минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба тавофуқ расиданд.