Намояндагони Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар вилояти Панҷшер гуфтанд, ки созмони террористии Ал-Қоида ба Толибон пайвастааст, дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки Толибон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳд карда буданд, ки бо ҳеҷ гуна созмони террористӣ ҳамкорӣ нахоҳанд кард. То ҳанӯз Толибон аз пайвастани ин гурӯҳ расман хабар надодаанд. Агар ин хабар воқеият дошта бошад, пас терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон ба марҳилаи нав ворид мешавад. Ал-Қоида яке аз хатарноктарин созмонҳои байналмилалии террористӣ мебошад, ки масъули ҳамлаҳои зиёд, аз ҷумла 11 сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.
Бо вуҷуди нигаронии зиёде аз амалкарду поймол намудани ҳуқуқу шаҳрвандони Афғонистон, гурӯҳи террористии Толибон сайъ доранд, ки робитаҳои байналмилалиро ба роҳ монанд. Пештар радиои Sputnik хабар дода буд, ки Толибон кай эълон шудани аввалин сафари хориҷиро баён намуданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров аз изҳороти ахири Байден ёдовар шудааст, ки хуруҷи ИМА аз Афғонистон ба охир расидани давраи амалиёти низомӣ барои густариши демократия аст. Лавров мутмаин аст, ки “амалиёти ғайринизомӣ” дар ҳар сурат идома хоҳад ёфт. Вай афзуд, ки агар ҳамкорони ғарбӣ ин дарсҳоро омӯхта бошанд, ҷаҳон оромтар мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бархурди неруҳои Толибон ва Ҷабҳам муқовимати Афғонистон шиддат гирифтааст. Нерӯҳои муқовимат таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд, писари раҳбари Эътилофи Шимолӣ Аҳмадшоҳи Масъуд, ки 9 сентябри соли 2001 кушта шуда буд, мубориза мебаранд. Аҳмад Масъуд гуфта буд, мубориза дар сурате хотима меёбад, ки Толибон ҳукумати фарогирро бунёд кунанд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандиро таъмин намоянд. Намояндаи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид аз пешрафти Толибон дар вилояти Панҷшер хабар додааст. Вай қайд кард, ки 11 гузаргоҳи назоратӣ забт карда шуд, ҳадди аққал 34 ҷангии қувваҳои муқовимат, аз ҷумла ду фармондеҳ кушта шуданд. Сухангӯи Толибон афзудааст, ки Толибон ба роҳи асосии Панҷшер расидаанд ва минтақаи Шиталро забт кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни аъзои ҷунбиш ду қурбонӣ ҳастанд. Аммо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат ин хабари Толибонро рад кардаанд.
Бар асоси гузориши Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон, нерӯҳои муқовимат дар Панҷшер гуфтанд, ки онҳо дар чанд шабонарӯз охир 350 ҷангии Толибонро куштаанд ва силоҳҳои онҳо мусодира шудаанд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новсти аз қавли манбаъҳои худ хабар додааст. Тавре манбаъ навиштааст, Толибонро ҳангоми кӯшиши ишғоли минтақаҳои водии Панҷшер ба ҳалокат расонидаанд. Силоҳҳои онҳо мусодира карда шуданд”, – гуфта мешавад дар сафҳаи Твиттер, аз номи нерӯҳои муқовимат. Панҷшер ягона вилоятест, ки берун аз назорати Толибон аст, ки дар баландкӯҳҳои шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст. Рӯзи панҷшанбе телевизиони Ал-Ҷазира бо истинод ба як манбаъ дар Толибон гузориш дод, ки Толибон пас аз нокомии музокирот бо раҳбари муқовимат тасмим гирифтаанд амалиёти низомӣ алайҳи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон дар вилояти Панҷшерро оғоз кунанд.
Панҷшер ягона вилоят дар Афғонистон боқӣ мемонад, ки таҳти назорати Толибон нест.
Толибон 15 август вориди пойтахт шуда, кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд ва рӯзи 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар Афғонистон ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ин кишвар дар ояндаи наздик рӯшан хоҳад шуд. Шаби 31 август низомиёни ИМА аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури низомии ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. Аммо рафтори Толибон нишон медиҳад, ки Афғонистон гирифтори бозиҳои нав гардида, ҷангу хунрез аз рӯйи сенарияҳои нав идома мекунад.