Рӯзи 20 октябр дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи намояндагони ваколатдори тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, захираҳои об, энергетика ва экология, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалӣ оид ба об, энергетика ва тағирёбии иқлим баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси «Гурӯҳи кории Аврупо» (Тeam Europe Initiative, TEI) оид ба масъалаҳои об, энергетика ва тағйирёбии иқлим сурат гирифт, ки дар он намояндагони Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Точикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин шарикони рушд ва намояндагони кишварҳои иштирокчии ташаббус иштирок ва суханронӣ намуданд.
«Пайванди об-энергетика-иқлим дар маркази рушди устувор на танҳо барои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷаҳон қарор дорад. Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки кишварҳои узви ИА ва муассисаҳои молиявии аврупоиро дар доираи барномаи «Глобал Гейтвей» Ташаббуси «Гурӯҳи Аврупо» муттаҳид месозад, то ба ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, ба мисли НБО-и Роғун, мусоидат намояд. Ба даст овардани пешрафти воқей барои сайёраи мо кори дастаҷамъист, ва ҳеҷ кас дар алоҳида ин вазифаро иҷро карда наметавонад», таъкид намуд Сафири Фавқулода ва Ваколатдори Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарский.
«Ин аввалин ҷаласаи Гурӯҳи кории Ташаббуси «Гурӯҳи Аврупо» бо иштироки шарикони миллӣ мебошад. Вохӯрӣ имконият фароҳам меорад, то чорабиниҳои банақшагирифтаро дар соҳаҳои об, энергетика ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ баррасӣ ва ҳамоҳанг созем, инчунин нақшаи муштараки кор барои соли 2026-ро таҳия намоем», зикр кард дар навбати худ Доктор Каролина Милов, роҳбари Котиботи техникии Ташаббуси «Гурӯҳи Аврупо».Инчунин дар рафти ҷаласа дигар иштирокчиён вобаста ба масъалаи мазкур суханронӣ намуда, баргузории чунин чорабиниро дар таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар самти обу энергетика на танҳо барои Осиёи Марказӣ балки барли тамоми ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Мулоқот ҳамчунин барои баргузории ҷаласаи ояндаи Шӯрои Роҳбарикунандаи Ташаббуси «Гурӯҳи Аврупо», ки 24 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд ба нақша гирифта шудааст, замина гузошт, ки дар он нақшаи корӣ дар сатҳи муовинони вазирони масъул оид ба масъалаҳои об, энергетика ва иқлим тасдиқ хоҳад шуд.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»