КҲФ: Заминларзаи субҳи имрӯз талафоти ҷониву хисорот надошт

Сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граджанӣ дар хабаре навиштааст, ки заминларзае, ки субҳи имрӯз талафоти ҷонӣ ва хисорот надошт.

Ба иттилои манбаъ, соати 09:50 дақиқаи субҳи имрӯз, 2-уми сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки  маркази он 190 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе,  дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар марказаш 4-5 балл,  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.