Шоми гузашта дар доираи  бозӣҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 мунтахаби Португалия бо тими миллии  Ирландия рақобат кард.  Дар ин бозӣ гарчанде дар нимаи  аввал бозӣ  ба нафъи  Ирландия буд, аммо  ҳамлагари  дастаи “Манчетер Юнайтед”ва капитани мунтахаби  Португалия Криштиан Роналду мунтахабашро аз шикаст наҷод дода, пирӯзи овард. Ҳамчунин дар ин бозӣ Роналду рекорди нав гузошт.

Криштиан Роналду собиқ ҳамлагари дастаи   Ювентус, ки  дар ин мавсим ба бошгоҳи МЮ пайваст,  дар  марҳилаи интихобии “Ҷоми ҷаҳон-2022” бар зидди тими Ирландия ба дастаи миллияш кӯмак кард.   Дар ин бозӣ  дар дақиқаҳои аввал   ҳамлагарони  мунтахаби  Португалия пурра ба хати ҳуҷум гузашта буданд.  Дар дақиқаи 12-ум  қоидаи бозӣро  ҳимоятгарони дастаи  Ирландия вайрон карданд. Довари бозӣ  Матей Юг ҷаримаи 11 метра таъин  кард. Ин зарбаро чун ҳарвақта  капитани  дастаи  мунтахаби Португалия Криштиан Роналду иҷро кард.  Аммо зарбаи  ӯро  дарвозабони  дастаи миллии  Ираландия  Гэвин Базун  баргардонид.  Криштиан Роналду  бори аввал аз соли 2018 инҷониб барои мунтахаби миллӣ пеналтиро ҳадафмандона иҷро карда натавонист.  

Баъди ин ҳамлагарони  дастаи  Ирандия  ба ҳуҷум гузаштанд.  Дар охирон дақиқаҳои нимаи аввали бозӣ кори дастаи  Ирландия омад кард. Пас аз зараби гунҷи нимҳимоятгари  мунтахаби Ирландия  Иган ҳисоби бозиро  кушода  дастаашро ба пеш баровард.  Дар нимаи дуюми бозӣ  мунтахаби  Португалия пурра ба хатти ҳуҷум гузашта буд.  То дақиқаи 89-уми  бозӣ дастаи  Ирландия  бо натиҷаи 0:1 аз тими Португалия пеш буд.  Аммо аксар мухлисони дастаи Португалия умеду орзуҳояшон барбод рафта буд, онҳо шикасти мунтахаби кишварашонро қабул карда буданд. Аммо қисмати ками мухлисон  ба  капитани дастаашон  бовар доштанд ва онҳо мунтазири  дақиқаҳои минбаъдаи бозӣ буданд.  Дар дақиқаи 89-ум Гедеш як партофти хубе  ба Криштиан Роналду кард, ки он  тубро бо сар вориди дарвозаи  рақиб карда, ҳисоби бозиро баробар намуд. Довари бозӣ 6 дақиқаи иловагӣ  дод.  Дар ин дақиқаҳои иловагӣ  кампитани  дастаи  Португалия Криштиан Роналду баъди партофти  Жоа Мариу голи дуюми ҳамдастаҳои худро  зада ғалабаи тими миллияшро таъмин сохт.  Ин  ду голи  Криштиан Роналду  на ин, ки  ба мунтахаби  Португалия пирӯзи  овард, ин чунин  ин бозингари  маъруф рекорди  бозингари мунтахаби  Эрон Али Дайиро   шикаст дод. 

Али Дай, ки то имрӯз  бо задани 109 гол дар мунтахаби кишвараш беҳтарин нишонзани мунтахаби ҷаҳон ба  ҳисоб мерафт. Акнун  Криштиан Роналду  бо 111 гол  беҳтарин нишонзан  дар ҳайати мунтахаб ба ҳисоб меравад.   Роналду баъди бозӣ ба хабарнигрони варзишӣ гуфтааст, ки : «Дар майдон будани мухлион  хеле муҳим аст. Онҳо ба мо қувват бахшиданд. Ман хурсандам, ки ба даста кӯмак мекунам, хурсандам, ки рекордро шикастам, аммо даста аз ҳама муҳим аст. Ин сабти ман аст ва он беназир аст. Ман аз рекорди навбатиам хеле хушбахтам. Ҳавасмандии ман аз хоҳиши идома додани футбол ва инчунин аз шартномаи ба наздикӣ басташуда, ки маро ба ватан бармегардонад, аз он хушҳолам. Ҳар рӯз бо хоҳиши беҳтар шудан, шод кардани мухлисон ва фарзандони шумо аз хоб хестан хеле муҳим аст”.

Саъдӣ Ғоибов

Радиои “Тоҷикистон”