Рамазон Раҳимзода ва Мулугета Зевди масъалаи гурезаҳо аз Афғонистон баррасӣ карданд

АКС: ВКД ҶТ

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 1-уми сентябр зимни мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди оид ба масоили таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин роҳҳои муфиди ҳифзи ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва расонидани кумак ба онҳо табодули афкор карда шуд.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳои ба танзим даровардани кор бо гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндаро мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ менамояд. Мушкилоти гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба мушкилоти глобалӣ табдил шуда, яке аз масъалаҳои душвор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар робита ба ин Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри ҳимояи ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Танҳо дар 15 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3000 оилаҳои гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба қайд гирифта шудаанд, ки шумораи аҳли оилаи онҳо 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Инчунин дар давраи ғасби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 5000 хизматчии ҳарбӣ ақибнишинӣ карданд, ки давоми як ҳафта дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити мусоид таъмин карда шуда, сипас бо роҳи осоишта онҳо ба ватан баргардонида шуданд. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар минтақаи дахлнопазири сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 80 оила бо фарзандони худ ҳузур дошта, аз тарсу ваҳми қасди кушторашон хоҳиши ба Тоҷикистон ворид шудан доранд.

Вазири корҳои дохилӣ бо нигаронӣ аз ҳодисаҳои охири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳор дошт, ки номуайянии қудрати сиёсӣ, надоштани назорати пурра аз болои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ҳолати бади башардӯстона дар ин кишвар барои ноором сохтани вазъ дар минтақа заминаҳои мусоид фароҳам овардааст. Зикр гардид, ки дар ин замина имконоти таҳдидҳои террористӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир ва тарканда, инчунин интиқоли ҷалбгарони терроризм ба дигар давлатҳо афзоиш меёбад. Ин далелҳо ба амнияти на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон бо мақсади сохтани лагерҳо барои қабули гурезагон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритус, Фархор, Ш.Шоҳин ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 га замин, ки сохтани инфрасохтори мутобиқро тақозо менамояд, ҷудо карда шуда, ба ташкилоту созмонҳои дахлдор барои кумак манзур шуда буд.

Аммо давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилоти байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад.

Дар мадди аввал барои таъмиру таҷдиди «Маркази муваққатии қабул ва бақайдгирии гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда вазир зикр намуд, ки кумаки Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид зарур аст.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалинамоии қабули гурезаҳо онҳоро қабул карда, омӯхта ва ба қайд мегирад, аз ташхиси коронавирус мегузаронад, бо онҳо суҳбатҳои инфиродӣ мегузаронад, шахсияти онҳоро муайян мекунад, то аъзои созмонҳои террористӣ зери ниқоби паноҳанда вориди Тоҷикистон нашаванд.

Дар ин ҷода мақомоти корҳои дохилӣ омода аст бо Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ ҳамкорӣ намояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо изҳор намуданд, ки ҳамкориро дар самти кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрвандӣ густариш хоҳанд дод.