Масъалаи Афғонистон дар мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Муовини аввали Дабири кулли СММ

Дар Ню-Йорк мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо Муовини аввали Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии ҶТ дар СММ хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милал, ба вежа ҳалли мушкилоти обӣ ва тағйирёбии иқлим, Ҳадафҳои Рушди Устувор, ислоҳоти СММ ва ғ. мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо, инчунин, оид ба масъалаи вазъияти амниятӣ дар минтақа, аз ҷумла вазъияти Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.