Дар ҳошияи интиқодҳои Гулбуддин Ҳикматёр аз гуфтаҳои Президенти Тоҷикистон
Ҳикматёр ба таҳқир ниёз надорад. Таърих тамоми лаънатеро, ки дошт, бар сари ин сиёсатмадори ноком ва дарвоқеъ “мурдаи сиёсӣ” рехтааст. Таҳқири ӯ як рекломи тамомайёр аст.
Ӯ 120 китоб навиштааст, ки ағлаб дар масоили исломиянд. Вай компютерро “об кардааст”. Метавонад нармафзорашро ҳам насб кунад, сахтафзорашро ҳам. Аммо бо он ҳама донише, ки дорад, ҳеҷ одам нашуд, аз таърих ку ҷои гила нест, ҳатто аз шикастҳои зиндагии худ сабақ нагирифт ва як сиёсатмадори дарунсиёҳу якрав ва ҳамеша тамғаи нокомӣ дар пешонӣ боқӣ монд.
Вай як умр ба Масъуд рашк мебурд, ҳатто пас аз маргаш ва ҳоло дида мешавад, ки ҳатто ба мурдаи он бузургвор, ки ҳамоно бо аҷирони хориҷӣ, душманони озодии ватанаш меҷангад, ҳасад мебарад. Ба ин ҳам ҳасад дорад, ки Масъуд Қаҳрамони миллисту вай ҳамоно рондаи ҳар дару девор ва шахсияти манфури Афғонистону тамоми башарият.
Марҳум Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори араб, ки чанд соли пеш аз сӯи истихбороти Арабистони Саудӣ дар Туркия ба шаҳодат расид, шоҳиди ҳамон суҳбати таърихии ӯву Шаҳид Масъуд дар соли 1992 буд. Вай баъдтар навишт, ки Ҳикматёр на фақат натиҷаҳои ҷиҳод, балки Афғонистонро ҳам барбод дод ва сабаби ҷанги дохилии солҳои 90 ва мусибатҳои баъдии Афғонистон маҳз ӯст.
Аз он айём бештар аз 30 сол мегузарад. Ин ҷанг идома дорад. Афғонистон месӯзад ва дар хоку хун метапад. Аз дасти нохалафҳое, монанди Ҳикматёр, ки ба хотири манфиатҳои пуштибонони худ, ватан ва мардумашонро ба ин рӯз оварданд.
Ҳикматёр аз чӣ менолад?
Ҳикматёр нафрати вижае ба тоҷикон дорад, он ҳам қаблан ба ин хотир, ки маҳз соли 1992 Аҳмадшоҳи Масъуд орзуҳои ӯ барои нишастан дар тахти Кобулро барбод дод. Ба қавли Хошуқчӣ, ҳамон шабе, ки қарор буд, субҳаш ӯ вориди Кобул шавад, ҳатто ҷамъеро, ки арабҳо аз қавми Пайомбар (с) низ ҳузур доштанд, дар намози хуфтан имоматӣ кард, зеро худро “амир ва имоми Афғонистон” тасаввур мекард. Ҳамон шаб тамоми мухобара (ратсия) – ҳоро кушта, ба хоб рафт. Субҳ, ки аз хоб хесту мухобараашро рӯшан кард, нерӯҳои Масъуд Кобулро гирифта буданд. Таърих собит сохт, ки он лаҳза “аморат” – и ин “амир” – и ҳанӯз тахтнадида пайдо нашуда, суқут карда буд.
Ҳикматёр аз фарти девонагӣ ҳар рӯз то ҳазор ракета сари Кобул андохт кард, ҳазорҳо кобуливу ҷангиашро аз даст дод, то орзуяшро муҳаққақ кунад, ки нашуд. Вайронаҳое, ки бо гузашти 30 сол дар Кобул дида мешаванд, пайомади ҳамон ҷангҳову ракетаҳои Ҳикматёранд. Ҳоло танҳо мавзӯе, ки намехоҳад бо ӯ матраҳ кунанд, маҳз ин ҷинояти таърихӣ аст. Мутаассифона, ҳоло ҳам намефаҳмад, ки бо ин ҷиноят ӯ рӯсиёҳи таърих ва амалан “мурдаи сиёсӣ” шуда буд. Аммо мисли шутурмурғе, ки фикр мекунад, агар сарашро таги хок кунаду дигаронро набинад, дигарон ӯро намебинанд, Ҳикматёр низ бовар дорад, таърих ҷиноятҳои ӯро фаромӯш кардааст.
Баъдтар “Толибон” ӯро фирор доданд ва вай худро ба оғӯши Масъуд зад. Масъуд ӯро ба Панҷшер овард ва аз он ҷо ба Тоҷикистон, сипас Эрон интиқол дод. Баъдтар Ҳикматёр эълон дошт, ки агар Паҷшерро тарк намекард, Масъуд ӯро мекушт. Бечора намефаҳмид, ки то он дам ӯ худ ва шахсияти худро дар азҳони ҷомиа куштааст. Вай мисли як “интиҳории таърих” ҳанӯз дар ҷангҳои Кобул аз байн рафта буд. Ҳамчун як инсон ҳам.
Вагарна баъдтар ба Тоҷикистону Эрон, ки ӯро меҳмондорӣ карда буданд, тавҳин намекард. Соле қабл ӯ дар як суҳбаташ гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ӯро ронданд. Раиси собиқи КДАМ – и Тоҷикистон, ки гӯё ӯро пеш карда буд, дар суҳбат бо банда Ҳикматёрро як аблаҳи намакношиносе хонда буд, ки “ҳамин қадар фаҳму фаросат дорад”.
Мавқеи Тоҷикистонро, ки дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон аз сӯи президенти Эмомалӣ Раҳмон баён шуд, аслан ин гуна мешавад тарҷума кард: шумо қариб 50 сол аст, ки паштунҳоро пуштибонӣ мекунед, ҳоло мо ҳам тоҷиконро ҳимоят мекунем.
Ин ба он маъно нест, ки Тоҷикистон нав аз тоҷикони Афғонистон ҳимоят мекунад. Дар замони ҳукумати аввали “Толибон” (1996-2001) низ Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муттаҳиди милливу исломӣ барои наҷоти Афғонистон (Ҷабҳаи муттаҳид) таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд пуштибонӣ мекард, аммо пинҳон. Тамоми кӯмакҳо, ҳатто равуомади намояндаҳо аз саросари олам бо Ҷабҳа тариқи Тоҷикистон анҷом мегирифтанд.
Тоҷикистон худ даргири ҷанги шаҳрвандиву баъдтар мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ буд. Нақшаҳои байнулмилалие ҳам барои кашонидани Тоҷикистон ба як ҷанги минтақаӣ дар ҷараён буданд, ки тафсилоташон як мавзӯи дигар аст. Аммо муҳим ин буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон замон ҳам дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ин ҷанг бо суқути “Толибон” ва ба нафъи тоҷикони Афғонистон анҷом ёфт, аммо раҳбарони онҳо ин дастоварди таърихии миллати тоҷикро барбод доданд.
Ҳоло ин раҳбарон (ба истиснои ду-се нафар) ҳам ба “мурдаҳои сиёсӣ” табдил ёфтаанд ва насли ҷадид бо раҳбарии Аҳмади Масъуд рӯи саҳна меояд, ки бидуни ҳеҷ баҳс, бояд аз сӯи Тоҷикистон пуштибонӣ шавад. Бахусус ки Тоҷикистон дигар он Тоҷикистони солҳои 90 нест ва зуҳури дубораи “Толибон” хатари ҷиддӣ ба амнияти тамоми минтақа, қабл аз ҳама Тоҷикистон аст.
Аз сӯи дигар, бино ба тавофуқоте, ки Тоҷикистон дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дорад, ҳар иқдом бидуни мувофиқа бо бақия аъзои ин созмон гирифта мешавад. Вақт нишон хоҳад дод, ки кадоме аз қудратҳои ҷаҳониву минтақаӣ дар канори “Толибон” ва кадоме дар канори Ҷабҳаи Муттаҳид қарор хоҳанд гирифт.
Дар ҷангҳои Афғонистон ғайрипаштунҳо, ки тоҷикон нерӯи асосӣ ва меҳварии онҳоянд, ҳамкори стратегии кишварҳои Шимол дар раъси Русия буданду хоҳанд буд. Паштунҳо аз диди стратегӣ бо тамоми тору пуди худ ба Амрикову думравони минтақаиаш пайваста буданду ҳастанд ва хоҳанд буд. Дарки ин ҳақиқат ва воқеиятҳои печидаи Афғонистон мушкил аст, аммо моҳиятан ҳама бармегардад ба мухолифати деринаи Русияву Амрико.
Ин ҳама бар захмҳои хунчакони Ҳикматёр фишор меоварад ва дарди ӯро меафзояд. Вагарна сарнавишти худи ӯ маълум нест. “Толибон” худи ӯро таҳаммул надоштанду надоранд ва ҳатто Мулло Умар байъати ӯро ба хотири як инсони худхоҳу номутмаин буданаш напазируфта буд.
Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон, ба сароҳат гуфта буд, ки панҷшериҳо – тоҷикон монеаи бузурги таҳаққуқ (амалӣ шудан) – и барномаҳои кишвараш дар минтақа ҳастанд. Дигар раҳбарони Покистон аланӣ пуштибонӣ кардаанду мекунанд, аммо Мушарраф аз паштунҳо рӯйрост дифоъ мекард ва миёни мардуми Афғонистон тафриқа меандохт.
Аммо Ҳикматёр ҳеҷ гоҳ дар бораи тафриқаандозии ӯ садо баланд накард ва нахоҳад кард, зеро нӯкар ё “ғуломбача” ва дастнишонда ҳеҷ гоҳ ҳарфи мустақил намезанад ва ҳар чӣ мегӯяд, чизест, ки аз сӯи хоҷагонаш дастур шудааст.
Хулоса, вокуниши Ҳикматёр 1) як ширин кардани худ ба Толибон ва 2) ҳарфҳоеанд, ки бояд пуштибони ӯ – истихбороти Покистон гӯяд ва мухотаб фақат Тоҷикистон нест.
Фахриддин Холбек,
таҳлилгари масоили Афғонистон