ИмВКД машқҳо барои мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсорро оғоз мекунадрӯз машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз мешаванд.
Ҳадафи асосии чунин машқҳо ин мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор буда, то 20 август идома хоҳанд ёфт. Тавре дар мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо роҳбарии Лю Юнфэн ишора гашт, ҷонибҳо, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки дар хотимаи ин мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.