Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар музокирот бо фармондеҳони Русия ва Узбекистон изҳор намуд, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд.
Шералӣ Мирзо, ҳамчунин гуфт, ки суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад. «Ҳаракати «Толибон»* аллакай шимол ва шимолу шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт. Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид»,- илова намудааст вазир.
Ба навиштаи хабаргузории русии «Спутник», дар ин музокирот қайд гардид, ки Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад. Пас, бояд «кишварҳои минтақа бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд».
Манбаъ мегӯяд, ки бо зикри он ки Тоҷикистон ва Узбекистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд, генерал-полковник Шералӣ Мирзо таъкид намуд, ки неруҳои ду кишвар дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои террористӣ қарор доранд. Ӯ ҳамчунин нақши муҳими Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ро дар таъмини амнияти минтақа таъкид кард.
«Вазири мудофиаи Тоҷикистон музокироти муштарак бо Узбекистон ва Русияро, ки 10 август дар марзи Афғонистон сурат гирифт, муваффақона номида, афзуд, ки ҳамаи вазифаҳои дар назди артиш гузошташуда иҷро гардиданд. Ӯ бар ин бовар аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо қодиранд ба ҳама гуна таҳдид посух диҳанд»,-омадааст дар гузориш.