Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд кӯдакистони “Меҳросо”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи томактабӣ, ки барои 200 нафар кӯдаки ятиму бепарастор пешбинӣ шудааст, дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эҷод-2013” мебошад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистони хусусии “Меҳросо” кӯдакони ятиму бепарастор ройгон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Сарпарастии ин кӯдакистонро муассисони ширкати “Таҷпроф” ба зимма гирифтаанд.
Масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ҳафт утоқи ҷойи хоб барои кӯдакон, 7 ҳуҷра барои таълиму тарбия, ҳуҷраи кории маъмурият ва табибон, ошхона ва толор барои машғулияти мусиқӣ иборат мебошад.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон дар саҳни бино 7 айвончаи тобистона ва ду майдончаи бозӣ барои тарбиятгирандагон бо тамоми шароит бунёд карда шудааст.
Дар умум ин муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони навбунёд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми наҷиби соҳибкорон хуш истиқбол намуда, онро намунаи олии ватандорӣ ва рисолати хуби инсондӯстӣ донистанд.
Бунёди чунин иншооти нави соҳаи маорифро Сарвари давлат ба кӯдакони хуштолеи маҳаллаи “Бофанда”-и шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.
Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса равона шуда, бо бунёду ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар вилояти Суғд 280 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки 48-тои он ба шаҳри Хуҷанд рост меояд. Дар ҳамаи кӯдакистонҳо қариб 45 ҳазор нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди кӯдакистон дар вилояти Суғд 8 адад зиёд гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни кӯдакистони навбунёд бо кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи дӯстрӯякон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ масъулияти дучанд ҳис намоянд. Ҳамзамон супориш дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масъалаи бунёди кӯдакистонҳои наву замонавӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия таваҷҷуҳи бештар равона карда шавад.