Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд

29 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Рухаки деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд.

Масоҳати умумии ҳавзи моҳипарварӣ 3,2 гектарро ташкил намуда, дар майдони 40 садяк замин 21 адад ҳавзи моҳипарварӣ бунёд шудааст.

Баъди ба истифода додани ҳавзи моҳипарварӣ 15 нафар сокини ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Тибқи лоиҳа дар ин ҷо давоми сол 200 тонна гулмоҳӣ парвариш карда шуда, ба бозорҳои маҳаллӣ ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ дар ҳавзи моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар ҳудуди деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз моҳи ноябри соли 2020 оғоз шуда буд.

Коргарони ҷамъият аз шаҳри Адлери Федератсияи Русия зиёда аз 100 ҳазор дона тухми моҳӣ ворид кардаанд. Дар ҳудуди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” як чоҳи амудӣ ба истифода дода шудааст.

Мавриди зикри хос аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози захираи обҳои мусаффо ва пиряхҳо бой буда, кишвари мо метавонад бо истифода аз ин неъмати бебаҳо на танҳо дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар ҷаҳон аз лиҳози парвариши гулмоҳӣ пешсаф бошад.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ҳазорҳо адад моҳиҳои ба минтақа мутобиқро ба ҳавзҳои моҳипарварӣ сар додаанд.

Ҳамчунин зимни ташриф ба ин минтақа Сарвари давлат ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштаанд.

Ҳамаи ин тадбирҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ, ба хотири пешрафти ин соҳаи сердаромад, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба даст овардани даромади софи иқтисодӣ ва дар маҷмуъ беҳдошти сатҳи зиндагии мардум амалӣ мешавад.

Дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд асосан даҳҳо навъи моҳиҳо, аз ҷумла гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешаванд.

Тибқи маълумоти Корпоратсияи моҳии тоҷик, аз рӯйи дурнамо оянда дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Ашт ва Ҷаббор Расулов ба рушди ин бахш таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Ҳамзамон парвариши гулмоҳии шоҳона, амури сиёҳ ва пешонапаҳни ало васеъ ба роҳ монда мешавад.

Имрӯз дар назди ҳавзи моҳипарварӣ тарабхонаи “Гулмоҳии Суғд” бо 40 ҷой, нуқтаи пухтупаз ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони “Корпоратсияи моҳии тоҷик” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва амалисозии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос карданд.