Имрӯз шаҳри Душанбе мизбони вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай гардид.
Вохурӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, зери роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти сайёҳии Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Тавре хабарнигори радиои “Тоҷикистон” аз ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ медиҳад, баъзе аз намояндагони кишварҳо тариқи онлайнӣ иштирок доштанд. Ҳадафи вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.
Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023, масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19-ро баррасӣ намуданд.