Бар асоси як фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар манзилҳои истиқоматии шаҳри Душанбе истифодаи фаршҳои гарм ва ҳаммом (сауна) манъ карда шуд.
Дар фармоиш гуфта мешавад, ки ин иқдом бо мақсади пешгирии омилҳои таъсиррасон ба сарбории лоиҳавию меъёрии истифодаи барқ ва таъмини самаранокии энергия дар манзилҳои истиқоматӣ қабул шудаасту раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмони дастгоҳи марказии Кумита муваззаф шудааст, то мактуби тавзеҳотиро вобаста ба масъалаи мазкур омода намуда, нусхаи онро ба унвонии вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, фармоишгарон, лоиҳакашон, пудратчиён ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ирсол намояд.
Фармоиши мазкур аз 7 майи соли ҷорӣ, ҷиҳати иҷрои протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021 оид ба пешгирии истифодаи фаршҳои гарм ва ҳаммом (сауна) аз ҷониби сокинони пойтахти кишвар дар манзилҳои истиқоматӣ тасдиқ шудааст.