Созмони ҷаҳонии тхэквондо қарор қабул кард, ки тибқи он Чемпионати ҷаҳон оид ба тхэквондо -2021 мавқуф гузошта шуд.
Ба иттилои Кумитаи олимпӣ ин иқдом бо сабаби тасмими Чин дар бораи баргузор нашудани чорабиниҳои васеи байналмилалӣ дар соли равон ба иллати пандемияи коронавирус, сурат гирифтааст. Қарор буд, чемпионат аз 12 то 18 октябр дар шаҳри Уси баргузор шавад.
Ҳоло санаи нави баргузории чорабинӣ эълон нашудааст ва ба гуфтаи президенти WT ин қарор ба хотири таъмини амнияти ҳамаи иштирокчиён дуруст аст.
“Мо бо ҳаяҷони бештар чемпионати ҷаҳонро дар соли 2022 интизор мешавем. Дар ин миён, рӯйдодҳои олиеро шоҳид хоҳем гашт, алалхусус Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020. Мо 130 варзишгар аз 61 кишвар ва тими олимпии гурезаҳоро дорем, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва 72 варзишгар аз 37 давлат дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд”, -гуфтааст ӯ.
Аммо бо вуҷуди маҳдудиятҳои баргузории мусобиқа интихоботи Ассамблеяи генералии 11 октябр амалан доир хоҳад шуд, ки президент ва шӯро интихоб мегарданд.