Бар асоси лоиҳаи “Нақшаи тиҷоратии амалиётӣ дар кишвар барои солҳои 2022-2024” Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 462 млн доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ хоҳад дод.
Ин масъала дар вохӯрии маҷозии вазири молия, Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори кишварии БОР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Шэнни Кэмпбелл баррасӣ гардид. Ба навиштаи сомонаи Вазорат ҷонибҳо ин лоиҳаро муаррифӣ карданд ва иттилоъ дода шуд, ки дар доираи нақшаи болозикр татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва ғайра пешбинӣ мегардад.
Манбаъ мегӯяд, ки пас аз муаррифии ҳуҷҷати стратегии мазкур миёни иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаи мавриди назар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.