18 июн дар шаҳри Анталияи Туркия дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу сайёҳӣ, илму маориф ва таҳкими пояи ҳуқуқиву қарордодии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.