“Ҷумҳурият”: Сиёсати раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳисси меҳру муҳаббатро дубора бедор кард.
“Садои мардум”: Беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт зимистон бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.
“Asia-Plus”: Барди бедавои банкоматҳои бепули “Амонатбонк”.
“Тоҷикистон”: Дар Хатлон беш аз 270 муассисаи таълимӣ таъмирталаб аст.
Сафари расмии Шавкат Мирзиеёв президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, мушкилоти таъмини банкоматҳои “Амонатбонк” бо пули нақд, вазъияти ногувори роҳҳои маҳаллӣ, ва нигаронӣ аз ҳолати садамавии бархе муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон аз ҷумлаи мавзуҳоест, ки дар нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе баррасӣ шудааст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 июн дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, мусоҳибаи раҳбари Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо мудири кулли Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «ӮзА» Абдусаид Кучимовро оид ба вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар чоп кардааст.
Абдусаид Кучимов зимни ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки дар барои дигаргуниҳои зиёди мусбате, ки дар муносибатҳои ӯзбекону тоҷикон тайи солҳои ахир ба вуқӯъ пайвастаанд, метавон мисолҳои бешуморе овард. Вале дастоварди бузурги кишварҳои мо ҳамон аст, ки иродаи сиёсӣ ва корҳои амалии сарварони ду давлат дар дили миллионҳо сокинони Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳисси меҳру муҳаббатро дубора бедор карданд… Барои дарки ин маънӣ, назар андохтан ба чеҳраҳои шукуфони мардуми пурнишот ҳангоми кушодашавии нуқтаҳои иҷозатномадиҳӣ дар сарҳадҳо ва аз нав барқарор гаштани равобити нақлиётии байни кишварҳоямон кифоя буд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 7 июн мақолае бо номи “Бадахшон.Зимистон рафт, зимистони дигар дар пеш аст” чоп карда, ёдовар шудааст, ки зимистони соли равон дар баъзе минтақаҳои вилоят, аз ҷумла маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ, бори аввал дар чанд соли охир реҷаи маҳдудсозии интиқоли барқ ҷорӣ гардид. Амрихон Раҳимов, мудири кулли ширкати “Помир энерҷӣ” таъкид кардааст, сабаби ин ҳолат камобии бесобиқа дар зимистон соли ҷорӣ дар Бадахшон буд. Дар баробари ба гуфтаи Амрихон Раҳимов боиси нигаронист, ки айни ҳол 26 аҳолии деҳаи вилояти Бадахшон ба барқ дастрасӣ надоранд ва ширкати Помир-энерҷӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ният дорад то семоҳаи аввали соли 2022 ин мушкилро ҳал кунад. Аз сӯи дигар ба гуфтаи мудири кулли ширкати “Помир энерҷӣ” барои қонеъ кардани талаботи фазояндаи корхонаҳои саноатии вилоят бо нерӯи барқ, НБО-и “Себзор” дар ноҳияи Рӯшон бояд ҳар чи зудтар сохта шавад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 июн хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Намояндагон Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар доираи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» баррасӣ ва тасвиб шуд. Дар ҷорчӯби ин лоиҳа Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 5,0 млн. доллар маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии нерӯи гармии дар шаҳри Душанбе истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии нерӯи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад.
Дар доираи лоиҳа, инчунин, насби қубурҳои ҷадид ва системаи худкори таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, инчунин, муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст. Инчунин татбиқи лоиҳа барои ба таври худкор баҳисобгирии нерӯи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд, – менависад нашрияи “Садои мардум”.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар нашри рӯзи 9 июн дар ҳошияи сафари президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, сатҳи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои дуҷониба 30% зиёд шуда, ба 133 млн. доллар раисдааст. Дар баробари ин, гуфта мешавад, ки айни замон дар Ӯзбекистон 180 ширкат бо сармояи шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҳафтанома аз қавли коршиносон навиштааст, ки яке аз омилҳои таваҷҷуҳи сармоягузорони тоҷик ба Ӯзбекистон низоми мусоиди андозбандӣ дониста мешавад. Дар баробари ин, Ҳукумати Ӯзбекистон барои рушди содироти маҳсулот аз ин кишвар қароре тасвиб кард, ки тибқи он давлат 50% хароҷоти нақлиётии ширкатҳои содиркунандаи маҳсулотро ҷуброн мекунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “278 муассисаи садамавӣ” савол гузоштааст, ки кӯдакони Хатлон дар “Мактаби кӯҳна” мехонанад? Муаллифи мақола навиштааст, ки феълан дар вилояти Хатлон беш 270 муассисаи таълимии садамавӣ мавҷуд буда, дар 30 мактаб бошад дарс дар се баст ба роҳ монда шудааст, ки ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад.
Ба навиштаи ҳафтанома ҳамасола аз буҷетҳои маҳаллӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ як миқдор маблағ ҷудо мешавад, аммо ин маблағ танҳо ба рангу бори қисме аз синфхонаҳои таълимӣ мерасаду халос. – Аз ин рӯ зарур аст, ки аз ин ба баъд маблағҳо бояд бо назардошти вазъияти бинои мактабҳо ҷудо карда шавад, – хулоса кардааст муаллиф.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 июн дар ҳошияи сафари расмии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мақолае бо номи “Ислоҳоти Мирзиёев” ҷо кардааст. Нашрия навиштааст бо интихоб шудан ба мансаби президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиеёв қабл аз ҳама ба ислоҳоти кадрӣ, гумрук ва андоз даст зад. Дар дунболи ин президент Мирзиеёв иқтисоди кишварашро барои сармоягузориҳои хориҷӣ боз карда, ҳамзамон ҷиҳати рушди технологияҳои муосири рақамӣ, пеш аз ҳама иқтисоди рақамӣ ва ҳукумати электронӣ иқдом гирифт. Ба хулосаи муаллиф дар натиҷаи роҳандозии чунин ислоҳот ва дигар иқдомоти муассир тайи панҷ соли охир симои Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ ба кулли тағйир ёфта, ба ҷалби бештари сармоягузориҳои хориҷӣ ва сайёҳон ба ин кишвар мусоидат кард.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре бо номи “Дар интизори пул” мушкилоти норасоии пули нақд дар банкоматҳои “Амонатбонк”-ро баррасӣ карда аст. Муаллиф дар ин матлаб аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар охири ҳар моҳ баъди интиқоли музди меҳнати кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва нафақахӯрон ба кортҳои бонкӣ, мушкилоти дарёфти пули нақд дар банкоматҳои “Амонатбонк” сар мезанад.
Дилафрӯз Раҳматова, сухангӯи “Амонатбонк” дар ташреҳи сабабҳои ин ҳолат гуфтааст, дар охири моҳ ҳамзамон бо гузаштани музди меҳнат ва нафақа мардум якбора барои дарёфти пули нақд талош мекунанд, дар ҳоле ки барои ҳаҷми пули нақд дар банкоматҳо аз сӯи лимит таъин шудааст. Аз сӯи дигар ба гуфтаи вай дар баъзе маврид БМТ аз ҳаҷми дархосткардаи “Амонатбонк”, камтар пули нақд ҷудо мекунад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 9 июн дар равзани сардабир матлабе бо номи “САБЗӣ” чоп карда, дар мавриди афзоиши бесобиқаи нархи сабзӣ дар бозорҳо навиштааст, ки барои ҷилавгирӣ аз афзоши нархи картошка майдони кишти ин сабзавотро якбора афзоиш доданд. Дар натиҷа картошка имсол арзон шуд, аммо қиммати сабзӣ ба осмон расид. Ба навиштаи муаллиф ин ҳама аз он далолат медиҳад, ки масъулини танзими нарх ва банақшагирии зироат дар Тоҷикистон то ҳанӯз дарк накардаанд, ки норизоиятии ҷомеаи мо сахт ба эшон вобаста аст. Дар фарҷом муаллиф танзомез пешниҳод кардааст, ки хуб мешуд, ки рӯзеро “Рӯзи сабзӣ” номгузорӣ кунем, то нозу нузаш камтар шаваду ошхӯрони бечораро гушна намонад.
Нашрияи “Фараж” ҳамчунин дар ин шуомраи хеш мақолае бо номи “Хатлон: Ҳолати ногувори литсейҳои касбӣ-техникӣ ” зимни муроҷиат ба вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, навиштааст, ки аксари литсейҳои касбӣ-техникӣ дар вилояти Хатлон дар ҳолати ногувор қарор доранд. Изофа ба таъмирталаб будани биноҳои таълимӣ ва коргоҳҳои омӯзишӣ, масъалаи худсарона ишғол намудани хобгоҳҳои чанде аз литсейҳо аз сӯи мардум мушкилоти дигари ин муассисаҳои таълимӣ аст. Дар ин мақола ба унвони мисол вазъияти ногувори Литсеи касбӣ – техникии ноҳия Дустӣ бо аксҳо нишон дода шудааст.
Зиёратшоҳи АҲМАДШОҲ
Радои “Тоҷикистон”