Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

мрӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.