4 варзишгари тоҷик ба даври ниманиҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфтанд

Аз 11 нафар варзишгари тоҷик, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс иштирок доранд чор нафарашон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс 24 май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва варзишгарони тоҷик – Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова роҳхатгирифтагони ниманиҳоии ин мусобиқа мебошанд.

Тавре сомонаи Кумитаи олимпӣ менависад, дар даври ниманиҳоӣ, ки имрӯз доир мегардад, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг муқобили Ситора Турдибековаи Ӯзбекистонӣ, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг муқобили Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия ва пагоҳ Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндӯстон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Ӯзбекистон ба ринг мебароянд.

Бояд гуфт, бори аввал AIBA ба ғолибони Чемпионати Осиё мукофотпулӣ таин кард. Тибқи маълумот Фонди ҷоизавии Чемпионати Осиё-2021 400 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва он ба ғолибон, барандагони медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар ҳар як вазн тақдим карда мешавад.

Барои варзишгароне, ки дар вазни худ (ҳам мардон, ҳам бонувон) ҷойи аввалро мегиранд, мукофот 10 000 доллари ИМА мебошад. Барои ҷои дуюм ҷоизаи пулӣ 5 000 доллари ИМА ва барои ду ҷои сеюм, ҳар кадом 2 500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

“Мо стратегияи дар аввал ба нақша гирифташударо иҷро мекунем. Боксчиён бояд барои меҳнати пурмашаққаташон мукофот гиранд. Маблағ на танҳо варзишгаронро ҳавасманд мекунад, балки пойдории молиявии онҳо ва оилаҳояшонро низ таъмин менамояд. Мо танҳо ба хотири муштзанҳоямон кор мекунем, онҳо нафарони муҳимтарини созмони мо ҳастанд. Ба ҳамаи ширкаткунандагони Чемпионати Осиё муваффақият ва тансиҳатӣ мехоҳам”, – гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев.