Варзишгари тоҷик роҳхати бозиҳои Токиоро ба даст наовард. Ӯ кист?

Шаҳриёр Даминов дар охирин мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио дар намуди қайиқронӣ натавонист роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст орад.

Ин мусобиқа дар шаҳри Барнаули Федератсияи Руссия ҷараён дорад ва варзишгарон дар ду рӯзи аввали чорабинӣ 20-21 май дар шаш мусобиқа – С-1 200 метр, К-1 200 метр, К-1 500 метр (бонувон), К-1 200 метр, К-1 1000 метр, С-1 1000 метр (мардон) барои шаш роҳхати олимпӣ талош карданд.

Тавре Кумитаи олимпӣ менависад, Шаҳриёр дар сабқати гурӯҳӣ миёни шаш нафар бо натиҷаи 04:14.931 чорум шуд. Дар нимфинал бошад, миёни 9 нафари гурӯҳи якум бо натиҷаи 04:18.393 нуҳум шуда, ба марра расид ва ба финал роҳ наёфт. Роҳхати олимпиро дар ин мусобиқа (С-1 1000 метр) намояндаи Арманистон Сергей Тарновский бо натиҷаи 04:14.861 сазовор шуд.

“Дар дигар мусобиқаҳо дар Барнаул намояндагони Литва (К-1 200м – мардҳо), Чин (К-1 1000м – мардҳо), Россия (К-1 200м – бонувон), Португал (К-1 500м – бонувон), Хорватия (С-1 200м – бонувон) имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд»,-гуфтааст манбаъ.

Умуман, дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ 248 нафар дар Олимпиадаи Токио ширкат мекунанд. Дар натиҷаи мусобиқаҳои интихобӣ варзишгарони 58 давлат роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро мушарраф гаштаанд.