Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии вилояти Суғд сокини пойтахтро бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карданд.
Дар дохили ҷомадони Масрур Маҳмудов ва киссаи рости шими ӯ маводи нашъадори нави “героин” бо вазни 3,86кг дарёфт ва мусодира гардидааст. «Дар рафти пурсиш Масрур Маҳмудов иқрор гардид, ки мехост маводҳои нашъадорро тавасути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москав бо мақсади фурӯш интиқол диҳад».
Оид ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Хотиррасон мекунем, ки дирӯз Агентӣ аз боздошти як сокини ноҳияи Шуғнон бо гумони даст доштан бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон хабар дод.
Ба навиштаи Агентӣ, гумонбар Фаромуз Аҳмадбеков бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияташ ба тафтишот номаълум, барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон даст задааст.
“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт 50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил медиҳад»,-гуфтааст манбаъ.