Вокуниш ба Гули Зард: Истифодабаранда муроҷиат накардааст!

Вазорати кишоварзӣ ба матолиби истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба паҳншавии малахҳо дар заминҳои хоҷагии «Дӯстӣ» вокуниш кардааст.

Ба навиштаи Вазорат, ин 15 га заминҳо ба Бойқувватов Абдумалик тааллуқ дошта, ӯ ба кормандони  соҳа  муроҷиат накардааст ва бо истифода аз робитаҳои шиносоӣ якбора ба рӯзноманигор Гули Зард занг зада бонги хатар бардоштанд.

Манбаъ мегӯяд, ки пас аз нашри ин хабар масъулони Муассисаи давлатии «Экспедитсияи  мубориза бар зидди малах» ва намояндагии онҳо, инчунин муовини раиси ноҳияи Шаҳритус ва раиси ҷамоати деҳоти «Пахтаобод» ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, муайян намуданд, ки ҳолати паҳншавии малах ба заминҳои хоҷагии «Дӯстӣ» қисман ҷой дорад. Ба ин минтақа ду адад трактор ва як адад автомашинаи дорупошӣ  барои коркарди кимёвӣ ҷалб карда шуд.

«Айни ҳол вазъият дар минтақаи зикршуда нисбати парвози малах муътадил буда, эҳтимолияти расонидани зарар ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо аз байн бурда шудааст»-, навиштааст Вазорат.

Бояъ гуфт, ки аз рӯйи наворҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи паҳншавии малах дар заминҳои кишоварзӣ нигаронии деҳқононро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, як корбари Фейсбук Гули Зардова (Гули Зард), ки вокуниши мақомот ба матлаби ӯ дахл дорад, бо интишори навор аз заминҳои хоҷагии “Дӯстӣ” ва гирду атрофи он навишта буд, ки малах ҳосили бо заҳмати шабонарӯзӣ ба даст овардаи деҳқононро бераҳмона нобуд карда истодааст. Ӯ аз масъулин ва дигар сохторҳо даъват ба амал овард, то чораҳои мушаххас андешанд.

“Дар акси ҳол, баъди пурра нест  кардани тамоми рӯстании дар ин манотиқ мавҷудбуда, малах ба заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, Хуросон, А.Ҷомӣ ва он сӯ то Ёвон, Кушониёну Бохтар меравад. Даҳҳо гектар гандум ва ҷави норасида луқмаи ҳашарот гашта, инак тӯфони малах юнучқазору боғҳоро забт карда истодаанд”,-навиштааст Гули Зардова.

Хотирасон мекунем, ки то санаи 21 май малах дар вилоятҳои Хатлон дар майдони 59031 га, Суғд 22125 га, НТҶ 14350 га ва ВМКБ дар майдони 53 га паҳн гаштааст.

Сомонаи Вазорати кишоварзӣ менависад, тибқи маълумоти фаврӣ  оид ба майдони паҳнгаштаи малах ва коркарди кимиёвӣ бар зидди он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 21.05.2021 майдони тухмгузошташудаи малах 113869 гектарро ташкил дода, дар майдони 95559 га паҳн гаштааст.