Мавҷи дуюми паҳншавии бемории сироятии коронавируси Covid-19 дар ҷаҳон нигаронкунанда арзёбӣ мегардад, ки айни ҳол вазъият марбут ба сироятёбӣ ба ин навъи беморӣ дар Ҳиндустон мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтааст. Ин нуқтаро Директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебресиес дар як изҳороти худ иброз намуд.
“Баъд аз гузаштани тақрибан 18 моҳ аз буҳрони ҷаҳонии ковид 19 ҳануз ҳам дунё дар ҳолати хеле ваҳим қарор дорад. То имрӯз ҳолатҳои зиёди сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда аст, ки нисбат ба соли 2020 зиёд мебошад”,- мегуяд Тедрос Адханом Гебресиес.
Тибқи маълумотҳои омории расонаҳо дар саросари ҷаҳон зиёда аз 162,2 миллион нафар ба ин беморӣ гирифтор гардида, 3 миллион фавт ба қайд гирифта шудааст.
Хуруҷи коронавирус, ки охири соли 2019 дар Чин кашф шуд, дар зиёда аз 210 кишвари ҷаҳон сабт гардидааст.
Ҳоло нигаронии аз ҳама зиёдро Ҳиндустон ба бор овардааст. Шумораи умумии сироятёфтагон дар ин кишвар ба 26 948 874 нафар расидааст. Шумораи фавтидагон дар давоми 24 соати гузашта 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 4077 нафар афзоиш ёфтааст.
Шумораи умумии сироятҳо дар тӯли ҳафта беш аз 2 миллион нафар ва марг бошад ба 28 ҳазор афзуда, шумораи умумии онҳо тақрибан ба 24,7 миллион нафар расидааст.
Мавҷи дуюми азими сироятёбӣ ба ин беморӣ дар Ҳиндустон аз моҳи феврали соли равон оғоз гардида, фаъолияти беморхонаҳо ва табибонро дучанд сохт.
Сарвазири ин кишвар Нарендра Моди зимни як изҳороти худ аз мансабдорон даъват ба амал овард, ки захираҳои дорувориро дар деҳот тақвият диҳанд, зеро вирус пас аз ҳамла ба шаҳрҳо дар минтақаҳо низ зуд паҳн мешавад.
Бояд гуфт, ки Ҳиндустон аз рӯи сатҳи эмгузаронии аҳолӣ яке аз пешсафони ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин нисбат ба дигар кишварҳо пасттар буда, дар 24 соати гузашта 18 ҳолати нави он ба қайд гирифта шудааст. Тавре Кумитаи тандурустии Чин иттилоъ медиҳад, аз ин шумора 10 ҳолати нав аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.
Ҳоло шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи Ковид-19 дар Чин 90.847 нафарро ташкил дода, шумораи фавтидагон 4636 нафар доимӣ боқӣ мондааст.
Вазъи каронавируси Covid-19 дар Тайван дар ҳоле ки мӯътадил шарҳ дода мешавад, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳо маҳдудиятҳои нав ҷорӣ намоянд ва барои пешгирии паҳншавии он чораҳои зарурӣ андешанд.
Гарчанде шумораи умумии сироятҳо аз оғози пандемия ҳанӯз ҳам дар ин минтақа кам аст, хуруҷи охири он мардумро, ки қариб ба зиндагии муқаррарӣ одат карда буданд, бинобар набудани фосилаи пурраи иҷтимоӣ, ки дар минтақаҳои дигар дида мешавад, ба ташвиш оварда аст.
Бесарусомониҳо дар бораи ниқоб
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи ҷумъа ҳушдор дод, ки одамоне, ки аз Коронавирус ваксина гирифтанд, бояд ба пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар минтақаҳои дорои сатҳи сирояти баланд риоя кунанд. Ин изҳорот як рӯз пас аз он садод дод, ки Иёлоти Муттаҳида ин тартиботро дар қаламрави худ то ҷое бекор кард.
Тавре Директори иҷроияи Барномаи ҳолатҳои фавқулоддаи СУТ Майкл Райан мегӯяд: “Ҳатто дар ҳолатҳое, ки доираи фарогирии ваксина баланд ҳам бошад, мо набояд аз пӯшидани ниқоб сарфи назар кунем”.
Иёлоти Муттаҳида Амрико вазъи нофаҳмиҳо ва ихтилофоти шадидро дар бораи як тавсияе, ки “нафароне, ки ваксина мегиранд, ниқоб напӯшанд”, мебинад.
Баъди оне, ки мақомот тавсияи истифодабарии ниқобро ба одамоне ки пурра ваксина гирифтаанд, бекор карданд, тақрибан 35 фоизи аҳолиро ташкил медиҳад. Якчанд марказҳои тиҷоратӣ эълон доштанд, ки аз гузоштани ниқобҳо дар мағозаҳояшон даст мекашанд, аммо қонунгузориҳои маҳаллӣ пӯшидани ниқобро талаб мекунад ва онро ҳатмӣ мешуморанд. Дастурҳои нави ҳатмии мақомоти тандурустӣ мансабдорон, коршиносон ва корхонаҳои маҳаллиро ба ҳайрат гузошта, боиси ихтилофҳо ва кашмакашҳо ҳатто дар дохили Конгресс гардид.
Дар баробари ин, Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон аз вируси ҷаҳишёфтаи ҳиндӣ изҳори нигаронӣ дорад. Ӯ зуҳур ва паҳншавии бардавоми онро боиси кундии нақшаи бардоштани маҳдудиятҳо дар Бритониё медонад.
Бояд гуфт, ки Бритониё, ки зери маҳдудиятҳои тандурустии шадид дар фасли зимистон қарор дошт, баъд аз марги 128 000 нафар дар фазои тандурустии ин кишвар каме беҳбудиҳо ба назар мерасанд.
Аммо се рӯз пеш аз як марҳилаи асосии бекор кардани маҳдудиятҳои тандурустӣ, ки шомили тарабхонаҳо, театрҳо, ҷойҳои фарҳангӣ ва инчунин азсаргирии сафарҳои хориҷӣ, нигаронӣ дар паҳншавии нусхаи ҷаҳишёфтаи ҳиндӣ афзоиш меёбад.
“Ман инро бо шумо дар миён мегузорам, ки ин вируси ҷаҳишёфтаи ҳиндӣ, метавонад ба пешрафти мо ба таври назаррас халал расонад ва қадами ояндаро мушкилтар гардонад. Ва ман бо таъкиди зиёд изҳор медорам, ки мо тамоми чораҳоро меандешем то ҷомеа дар амон бошад. Яке аз нигарониҳои созмон ва ташкилотҳои тандурустии байналмилалӣ, ин бепарвоӣ зоҳир намудан нисбат ба пушидани ниқоб ва аҳамият надодан ба гигиенаи шахсӣ мебошад, ки ҳамарӯза дар ВАО шоҳиди он мегардем”-, иброз дошт Борис Ҷонсон.
Тибқи тавзеҳоти сармутахассиси СУТ Сумия Сваминатан бармеояд кишварҳое, ки доираи фарогирии ваксинаҳо дар онҳо васеъ ба роҳ монда шуда аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки ваксинаҳо аз 70 то 80 фоиз аз сироятёбӣ муҳофизат мекунанд.
“Ин маънои онро дорад, ки ҳатто пас аз гирифтани ваксина гирифтор шудан ба ин беморӣ аз имкон берун нест. Аз ин рӯ, мо ба дигар чораҳои пешгирикунанда, ба монанди ниқобпӯшӣ, фосила ва ғайра ниёз дорем, то он даме, ки сатҳи сироятёбӣ дар ҷаҳон паст гардад”-, изҳор намуд Сумия Сваминатан
Мавсуф таъкид кард, ки хеле кам кишварҳо ба марҳалае расидаанд, ки метавонанд аз ин пешгириҳо даст кашанд. Дар аксари кишварҳо мо бояд ин корро идома диҳем.
Шояд Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни кишварҳои мавриди назари Сумия Сваминатан, ки “кишварҳои қарор дошта дар сатҳи қобили сабук кардани маҳдудиятҳо” бошад, вале ба андешаи ягона профессори вирусшиноси Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон Сайидбек Саттороф набояд пӯшидани ниқоб ва дигар чораҳои тандурустиро нодида гиранд.
Ӯ иброз медорад, ки новобаста аз оне ки аз аввали соли ҷорӣ дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта намешавад, бар он асос шуда наметавонад, ки ҳамаи он талаботҳои санитарию гигиение, ки мо бояд риоя кунем, сарфи назар намоем. Ва сониян ин фосилаи иҷтимоъӣ мебошад, ки мо бояд онро ҳам дар биноҳои пушида ва ҳам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мисли бозорҳову нақлиёт ва дигар ҷойҳои серодам риоя кунем.