Давоми 12 моҳи соли 2020 аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 52 ҷинояти нашъаҷаллобӣ ошкор гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб 100кг воситаи нашъадор мусодира шуд.
Ин нукта дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба суистеъмоли маводи нашъаовари ВМКБ, ки таҳти раёсати Ёдгор Файзов доир шуд, қайд гардид. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар ин давра 15 нафар сокинони вилоят бо ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар берун аз кишвар дастгир шуданд. Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад, 8 ҳодисаи марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шуда, 57 кг 260 гр воситаҳои нашъадор мусодира гардид. Тибқи маълумоти маркази наркологии вилоят ҳоло 541 нафар нашъаманд дар қайди диспансер қарор доранд, ки се нафарашон зан мебошанд.
Сомонаи мақомот менависад, ки раиси вилоят Ёдгор Файзов аснои таҳлили масъала фаъолияти баъзе аз сохторҳои давлатиро дар самти ҷилавгирӣ, фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, зикр кард, ки мутаассифона, фурӯши маводи мухаддир дар ҷомеа зиёд гардида истодааст. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ вазифаи аввалиндараҷа аз миён бардоштани нуқтаҳои фурӯши маводи мухаддир, пурзӯр намудани мубориза барои пешгирии фурӯши он дар ҳамоҳангии тамоми аъзои шӯро мебошад. Зеро имрӯз ҷавонон дидаву дониста аз оқибатҳои нашъаҷаллобӣ даст ба он зада, нисфи умри худро пушти панҷара мегузаронанд ва ҳаёти даҳҳо оилаҳои ҷавонро зери хатар мегузоранд.
Тавре дар ҳисоботи директори Агентии назорати маводи нашъаовар омада буд, дар соли сипаришуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 т 425 кг маводи нашъаовар, аз ҷумла аз тарафи АНМН 183 кг, ВКД 1 т 117 кг, КДАМ 1 т 97 кг, ХГ 22 кг ва АНДМ ва МК 5 кг мусодира намудаанд, ки нисбат ба соли 2019 48 фоиз ё ин, ки 788 кг зиёд мебошад.