Акс аз интернет
Дар дарёи Варзоб ҷасади ҷавонзани тахминан 20-22 сол пайдо гаштааст, ки то кунун ҳуввияташ маълум нест.
КҲФ менависад, “дар бораи намудор шудани ҷасад дар оби дарё корманди КҲФ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Қисми навбатдорӣ хабар дод. Вай гуфт, ки дар соҳили дарёи Варзоб, дар қаламрави деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ҷасади як зан намудор шудааст”. Ғаввосони Кумита ҷасади занро берун оварданд ва сабаби ин ҳодиса маълум нест.
Бояд гуфт, ки ғарқшавии сокинон, аз ҷумла ноболиғон дар тайи моҳҳои гузашта нигарониҳоро ба миён овардааст. Бар асоси маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода танҳо дар семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 17 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд. Давоми соли гузашта бошад, дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шуданд, ки 30,8 дарсади ғарқшудагон аз 4 то 17 сол умр доштанд.
Кумита, ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки аксар ҳодисаҳои болозикр бинобар сабаби беназоратии волидон рӯх додаанд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, то фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.
Неъмат Салимзода