Ғарқшавии духтарчаи 6-сола ва нигаронии мақомот аз ин вазъ

Дирӯз духтарчаи 6-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки бо модараш аз дарё об гирифтани буд, ба об сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, ки баъд аз чунин ҳодиса модари 26-сола худро ба об партофта, мехост фарзандашро наҷот бидиҳад, аммо натавонист ва худи модарро як хонандаи мактаб аз об берун овардааст.

Тавре КҲФ хабар медиҳад, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон баъд аз гирифтани иттилоъ ба корҳо ҷустуҷӯи оғоз карданд, вале баъд аз як рӯз, субҳи имрӯз  ба онҳо муйясар шуд, то ҷасадро тақрибан 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодис пайдо намоянд.

Бояд гуфт, ки 15 апрел сокинони деҳаи Шаббодаи ҷамоати деҳоти Эсамбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади яке аз ду кӯдакеро дар соҳили дарёи Кофарниҳон  ёфтанд, ки 14 апрел бедарак шуда буданд. Бино ба маълумоти манбаъ, ҷасади дигари ин хоҳарони 4 – 5-сола субҳи рӯзи 16 апрел дар мавзеъи Насими Кӯҳсор, ки тақрибан 5 км дуртар аз хонаашон мебошад, пайдо карданд.

Бар асоси маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода танҳо аз аввали соли равон дар кишвар 17 нафар дар об ғарқ шудаву ба ҳалокат расиданд, ки 5 нафари онҳо кӯдакони ноболиғ буданд. Давоми соли гузашта бошад, дар Тоҷикистон 107 нафар ғарқ шуданд, ки 30,8 дарсади ғарқшудагон аз 4 то 17 сол умр доштанд.

Кумита, ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки аксар ҳодисаҳои болозикр бинобар сабаби беназоратии волидон рӯх додаанд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, то фарзандони ноболиғи худро беназорату танҳо нагузоранд ва сабабгори фоҷеаҳои мудҳиш дар хонадони худ нашаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *