Ҳуҷуми малахҳо деҳқононро нигарон кардааст

Акс аз интернет

То санаи 21 май малах дар вилоятҳои Хатлон дар майдони 59031 га, Суғд 22125 га, НТҶ 14350 га ва ВМКБ дар майдони 53 га паҳн гаштааст.

Тавре сомонаи Вазорати кишоварзӣ менависад, тибқи маълумоти фаврӣ  оид ба майдони паҳнгаштаи малах ва коркарди кимиёвӣ бар зидди он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 21.05.2021 майдони тухмгузошташудаи малах 113869 гектарро ташкил дода, дар майдони 95559 га паҳн гаштааст. Ба ин хотир, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ чанде пеш аз минтақаҳои паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон боздид намуд.

“Ба Вазир иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаҳои паҳнгаштаи малах корҳои безараргардонӣ бо маром идома дошта, тавассути заҳрхимикатҳои кимиёвӣ ва техникаи махсуси дорупошӣ амалӣ карда мешавад”,-менависад манбаъ.

Манбаъ менависад, ки аз майдони умумии паҳнгаштаи малах дар кишвар дар майдони 79282 га коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, майдони 16277 га боқӣ мондааст.

Бояъ гуфт, ки аз рӯйи наворҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи паҳншавии малах дар заминҳои кишоварзӣ нигаронии деҳқононро ба вуҷуд овардааст. Аз ҷумла, як корбари Фейсбук Гули Зардова (Гули Зард) бо интишори навор аз заминҳои хоҷагии “Дӯстӣ” ва гирду атрофи он ки дар қаламрави ноҳияи Шаҳритус ҷойгир мебошанд, навиштааст, ки малах ҳосили бо заҳмати шабонарӯзӣ ба даст овардаи деҳқононро бераҳмона нобуд карда истодааст. Ӯ аз масъулин ва дигар сохторҳо даъват ба амал овардааст, то чораҳои мушаххас андешанд.

“Дар акси ҳол, баъди пурра нест  кардани тамоми рӯстании дар ин манотиқ мавҷудбуда, малах ба заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, Хуросон, А.Ҷомӣ ва он сӯ то Ёвон, Кушониёну Бохтар меравад. Даҳҳо гектар гандум ва ҷави норасида луқмаи ҳашарот гашта, инак тӯфони малах юнучқазору боғҳоро забт карда истодаанд”,-навиштааст Гули Зардова.