Ба наздикӣ нисбати нафароне, ки автобусу тролейбусҳо ва баъзеи дигар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахтро бидуни корти нақлиётӣ истифода мебаранд, ҷарима пешбинӣ мешавад.
Ин тасмимро дар як суҳбати кутоҳи телефонӣ намояндаи шуъбаи нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ кард. Ҳамчунин, мақомоти шаҳрдорӣ дар як муроҷиатномаи худ аз сокинон даъват ба амал овардааст, ки тартиби пардохти роҳкироро риоя намоянд.
Дар ин муроҷиатнома омадааст, ки “мутобиқи моддаи 295 қисми I Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардани мусофирон, бо худ бурдани кӯдакони аз панҷсола калон, бағоҷ ва бори аз меъёр зиёд, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар, ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.
Бояд гуфт, ки низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе аз 21 июли соли 2017 ҷорӣ шудааст. Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум гуфта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, аксар сокинон аз ин иқдом дастгирӣ мекунанд, аммо гарон будани нархи пардохти ғайринақдӣ (1,2 сомонӣ) аз пардохти нақдии ғайриқонунӣ, ки 1 сомониро ташкил медиҳад, сабаб шудааст, то аксар мусофирон ҳаққи роҳкирои худро нақдӣ пешниҳод ва пардохт кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки City Card дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ миёни истифодабарандагони корти нақлиётӣ озмун эълон кардааст, ки ҳар охири ҳафта ҷамъбаст мегардад. Тибқи шартҳои озмун зарур аст, ки дорандагони корти “Наврас” беш аз 6 сафар, “Донишҷӯ” беш аз 9 сафар ва “Хуш омадед”-у “Тахфифӣ” беш аз 10 сафарро дар давоми ҳафта анҷом диҳанд. Бурди асосии озмун нақлиёти сабукрав мебошад.