Бесарусомониҳо дар чиптафурӯшӣ бояд хотима ёбад

        Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди руйдод ва таҳаввулоти муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла хисороти офтаҳои табиӣ дар манотиқи мухталифи кишвар, бесарусомонӣ дар фурӯши билети ҳавопаймо ба самти Русия, зарурати танзими нарх дар бозорҳои пойтахт ва пирӯзии овозхони тоҷиктабори Русия Манижаи Сангин дар даври ниманиҳоии озмуни “Евровидение” матолиби хабарӣ ва таҳлилӣ чоп кардаанд.

“Ҷумҳурият”

      Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 май мақолаҳое бо номи  «Чу узве ба дард оварад рӯзгор…» ва «Хатлон бурузи ҳамдилии умумимиллӣ дар муқобили офатҳои табиат» чоп намудааст. Дар ин мақола зикр мешавад, ки дар деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои эъмори 20 хона дар қитъаҳои замини навҷудошуда масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуд.

   Ҳабибулло Шамсов, намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ин кор аз ҷумлаи масолеҳи сохтмонӣ 300 тонна семент, 60 тонна арматура, 300 метри мукааб тахта ва 3 ҳазор дона шифер дастрас шудааст.

    Хаймаҳое, ки барои зисти муваққатӣ пешбинӣ шудаанд, ба наздикии манзилгоҳи ояндаи сокинони офатзада кӯч дода шуда, бо қувваи барқ таъмин гардиданд. Барои сокинони маҳаллаи нав хати оби нӯшокӣ низ кашида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша хӯрокворӣ, асбоби рӯзгор, маводи беҳдоштӣ ба ҳар оила расонида шуд.

     Нашрияи  “Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре бо номи “Чиптабизнес. Кӣ бояд роҳи бесарусомониро гирад?!” навиштааст, ки баъди иҷозати расмии парвозҳо ба Русия талабот ба чипта ончунон боло рафт, ки нархи он то 18 ҳазор сомонӣ расид. Ба навишаи муаллиф ҳарчанд пас аз андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор арзиши чипта ба 8 ҳазору 690 сомонӣ пойин фаромад, аммо ҳанӯз ҳам аз нархи муқарраргардида зиёд аст. 

    Муаллиф дар идома менависад, ки бо маслиҳати пешакӣ ва пинҳонӣ ба фурӯш баровардани чипта, боиси нигаронии сокинон гашта, онҳо бо ҳар роҳу восита бо нархҳои гуногун чипта мехаранд. Дар назди нуқтаи асосии фурӯш, муштариён аз харидани як чипта, аммо бо арзиши гуногун, яъне  баъзе 7 ҳазор сомонӣ, баъзеи дигар 8-9 ҳазор гуфтанд. Дар баробари ин муаллиф зикр кардааст,  дар рӯзҳои аввали кушодашавии хатсайри Душанбе – Москва аз рӯи зарурат бо арзиши 12 ҳазор сомонӣ чипта харидааст.

“Садои мардум”

     Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 май хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон  Созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» баррасӣ ва тасвиб шудааст. Маблағи умумии Лоиҳаи мазкур 15  млн. евроро ташкил дода, он бо мақсади барқарорсозии истгоҳҳои обкашӣ, иншооту ҳавзҳои обтозакунӣ ва таҷдиди шабакаҳои обгузар, инчунин, таҳвил ва насби ҳисобкунакҳои об дар шаҳри Кӯлоб амалӣ карда мешавад.

 Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2024 ба нақша гирифта шуда, бо татбиқи лоиҳа сифати хизматрасонӣ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар гардида, шумораи истифодабарандагони оби тоза то 25 ҳазор нафар зиёд мегардад.

        Рӯзномаи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 15 май бо нашри матлабе аз вазъияти Мамнуъгоҳи табиӣ-давлатии “Ромит” изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллиф менависад, ки соли 1959 бо мақсади омӯзиш, муҳофизат ва афзун намудани  олами наботот ва намудҳои гуногуни ҳайвонот – хирси малла, бабри барфӣ, саги обӣ, ҷайра, бургут ва ғайра Мамнуъгоҳи табиӣ-давлатии «Ромит» таъсис ёфт. Масоҳати умумии он беш аз 16100 гектарро ташкил дода, дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар байни ду дарё – Сардаи миёна ва Сорбо ҷойгир аст.

  Муалиф дар идома зикр мекунад, ки айни замон дар ҳар ду ҷониби роҳи дараи Ромит истироҳатгоҳи зиёд сохта шуда, инчунин солҳои охир дар ҳудуди Мамнуъгоҳи «Ромит» 5 деҳа пайдо шуд. Ба гуфтаи муаллиф сокинони деҳаҳо заминҳои мамнуъгоҳро  аз худ карда, бар асари рафтори ғайриқонунии баъзе аз сокинони он деҳаҳо шумораи ҳайвоноту паррандагон кам мегардад ва агар пеши роҳи ин раванд гирифта навшад, дар оянда аз Мамнуъгоҳи “Ромит”  фақат ном боқӣ мемонаду халос.

“Тоҷикистон”

       Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 май мақолае бо номи “Инсоффурӯшон. Умеди шаҳрдор аз раисони бозорҳои Душанбе чунин буд?” навиштааст, ки болоравии нархи маҳсулот дар арафаи Иди саиди Фитр дар пойтахт нишон дод, ки вазифаи раисони бозорҳои шаҳри Душанбе на фаровонии маҳсулот ва танзиму назорати нарх, балки танҳо чекчинӣ будаасту халос.

Муаллиф дар хулосаи мақола таъкид мекунад, ки рӯз ба рӯз сафи ҳаннотон дар бозорҳои мо бештар шуда истодаанд. Пеши роҳи ин бесарусомониро танҳо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гирифта метавонанд. Вагарна,  бесоҳибӣ дар бозорҳо идома меёбаду ҷайби мардум тиҳитар мегардад ва бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт,ки дар арафи Иди Қурбон инсоффурӯшӣ дар бозорҳо ба авҷи аълояш мерасаду эътимод нисбат ба мақомот коҳиш меёбад.

“СССР”

    Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 20 дар мақолае бо номи “Агентии авиатсияи гражданӣ “дӯсти хирс аст” ???” савол гузоштааст, ки чаро Икром Субҳонзода сардори ин агентӣ тарафи ширкатҳои гаронфурӯшро гирифта ба парвози ширкатҳои арзонфурӯш садд гузошта, боиси норозигии мардум аз ҳукумат мегардад?.

    Дар ин мақола ба қазияи қатъи парвози ҳавопаймоҳҳои ширктаи “Северний ветер” ишора шудааст, ки дар пайи тасмими Агентии авиатсияи гражданӣ беш аз ду ҳазор мусофир дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ду ҳатфа дармонданд. Ба навишати муаллиф бо гузашти ду моҳ аз ваъдаи Агентии авиатсияи гражданӣ, ки нархи билети рафту баргаштро 500 доллар муайян карда буд, чизе тағйир нахӯрд ва баръакс қимати билет бо 12 ҳазор сомонӣ боло рафт.

“Asia-Plus”

       Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 май мақолае бо номи “Аз сафар то сафар” чоп карда, савол гузоштааст, ки дар замони раҳбарии Мирзиёев чӣ таҳаввулоте дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  иттифоқ афтод?

   Муаллиф менависад қабл аз ҳама иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар барқарор шуда, инчунин 17 гузаргоҳи сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба фаъолият шуруъ кард. Дар соли 2019 то замони пандемия беш аз 2 млн шаҳвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон боздид карда, дар навбати худ 850 ҳазор  шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишвари мо сафар карданд. 

   Дар баробари ин ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 72 млн доллар дар соли 2016 то ба 334 млн доллар дар соли 2020 афзоши ёфт. Нашрия ёдовар мешавад, ки интизор аст рӯзҳои 10-12 моҳи июн президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиеёв бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон биёяд. Қарор дар ин сафар раҳбарони ду давлат аз Душанбе ба Суғд рафта, бо зарфиятҳои иқтисодиву тиҷоратии вилоят ошно шаванд.

Зиёратшои Аҳмадшо

Радиои “Тоҷикистон”