Имрўз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мулоқот намуданд.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрамро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани нақши Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ ибрози назар намуданд.
Ҷонибҳо тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодиро маъсус таъкид намуда, оид ба истифодаи имконоти то ҳол истифоданашуда ва зарфиятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Табодули таҷриба дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва рафъи паёмадҳои манфии он ба иқтисодиёти ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи тарафҳо қарор гирифт.
Дар вохўрӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуд.
“Ховар”