Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ноҳияи Деватич як автомошинаи ҳомили бензим оташ гирифтааст.
Дар хабар ВКД омдааст, ки 20-уми майи соли равон, тахминан соати 10:00, дар натиҷаи ҷой доштани нуқсонҳои техникӣ дар автомашинаи тамғаи «Донгфенг» (бензинкашон) таҳти идораи шаҳрванд Ҷӯраев Мансур, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ба мағозаи фурӯши масолеҳи кишоварзӣ дар ноҳияи Деваштич бархӯрда, оташ гирифтааст.
Дар натиҷаи сӯхтори ба амаломада ягон шаҳрванд ҷароҳати вазнин набардоштааст.
Таъкид шудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад ва зарари расонидашуда муайян карда мешавад.