Мавриди баҳрабардории бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе

15 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни иншооти зебою замонавӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бохшида шуд.

Бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, 60 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи люкс дорад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави меҳмонхона дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби маблағҳои даромади Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» дар муддати ду сол бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди бинои нави муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе агар аз як тараф 15 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида бошанд, аз ҷониби дигар инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити арзанда фароҳам оварда шуд.

Бинои муҳташами меҳмонхона ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он барои меҳмонон се вақт ғизоҳои гарму болаззат пешниҳод мегарданд. Дар меҳмонхонаи нав имкон аст, ки дар як вақт ба 50 нафар мизоҷ хизмат расонида шавад. Меҳмонхона бо тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ дар он бо меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва фазои орому осудаи ин макон аз бартариҳои асосиест, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳатию фароғатӣ ва хизматрасонӣ, хусусан бунёди чунин меҳмонхонаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро барои истифодаи босамару оқилонаи ин имконият ва хизматрасонии сатҳи баланд ба сайёҳони дохилию хориҷӣ вазифадор карданд. Акнун, бо мавриди истифода қарор гирифтани меҳмонхонаи мазкур ба меҳмонону сайёҳон шароити арзанда муҳайё шуда, имкони бештари дастрасӣ ба ҷойи хоб ва хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе фароҳам гардид.

Барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхона мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ ҷалб шуда, корҳои бунёдӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расидаанд. Бо дарназардошти имконияти васеи хизматрасонӣ дар бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» ошёнаҳои 2, 3 ва 4-уми иншоот, ки утоқҳои он дорои шароити арзанда мебошанд, барои пешбурди фаъолияти корӣ ба ширкатҳои ватанию хориҷӣ пешниҳод мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» аз 9 ошёна ва 64 ҳуҷра иборат буда, 8 ҳуҷраи он люкс мебошад. Бинои мазкур солҳост, ки ба меҳмонони дохилию сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад.

Дар маҷмуъ дар ду бинои меҳмонхонаи «Истиқлол» 76 нафар  фаъолият менамоянд ва дар мавриди зиёд шудани шумораи мизоҷон ва расонидани хизмат ба онҳо боз 25-30 нафари дигар ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Дар ҳудуди меҳмонхона майдончаи муосири варзишӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуд аст. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» қариб 5 гектар буда, саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ороишии рангоранг, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ҳамешасабз оро ёфтааст. Шабона намои берунаи бинои меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.