Дар арафаи Иди саиди Фитр роҳбарияти вазорату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо дастгирӣ аз дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кӯмак намудан ба шахсони ниёзманд ба қишри камбизоати ҷомеа-ятимон, маъюбон, пиронсолон, бепарасторон дасти мадад дароз менамоянд.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати хуб ба Мактаби махсуси шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ намуд, ки иборат аз маводи хӯрока мебошад.