Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар медиҳад, ки Яхшиев Дилшод Бахтиёрович дар вазифаи ҷонишини директори мактаби ронандагии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Самсун» кор карда истода, моҳҳои октябр-ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои ба номи писараш шаҳрванд “Б” омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4650 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Инчунин, Яхшиев Д.Б. бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2020 аз шаҳрванд “В” барои омода карда додани шаҳодатнома дар бораи хатми курси таълимии ронандагӣ маблағи 4700 сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати Яхшиев Д.Б. бо моддаи 279 қисми 4 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.