РАСОНАИ ЗИНДАГИСОЗ

Зан дар хона модар, тарбиятгар, кадбону ва дар ҷомеа табиб, омўзгор, муҳандис, равоншинос, рўзноманигор аст ва тамоми вазифаҳои пурмас­ъ­улиятро бар дўш дошта метавонад. Дар зиндагии имрўза вазифаҳои роҳбарикунандае бар дўши занон вогузор карда шудаанд, ки бо муваффақият аз ўҳдаашон мебароянд. Занҳои қавиирода бо як самимияту эҳтироми хос нисбат ба коргоҳу коргаронашон адои вазифа мекунанд. Он меҳреро, ки дар оила нисбат ба фарзандон доранд, ба ҳамкорону атрофиён низ дареғ намедоранд. Дар ин шабу рузе, ки ҷомеаи ҷаҳониро мушкилии ба ҳамагон маълум фаро гирифтааст, занони роҳбарро масъулияташон дучанд гаштааст. Директори радиои “Тоҷикис­тон” Дилафрўз Рустамова низ дар баробари дигар вазифаҳои бардўшдоштааш дар роҳи пешгирии бемории мазкур бо ҳамкорону шогирдон кўшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад.

Аснои суҳбати кўтоҳе, ки бо ин кас доштем, дарк кардем, ки пайи пирўзиву ободии Ватан ва аз мушкилиҳо дур будани ҳамватан бо ҳамкорони худ ҳиссагузоранд. Д. Рустамова дар рўзҳое корро дар радиои “Тоҷикистон” шурўъ намуданд, ки бемории коронавируси COVID – 19 дар тамоми ҷаҳон доман паҳн карда буд. “Баробари ба кор омаданам дар радиои “Тоҷикистон” ҳис кардам, ки рўзноманигорон низ дар баробари табибон дар ин майдони нанг заҳмат мекашанд. Рўзноманигорон сидқан кор карданд. Иттилоотро пурра, саҳеҳ ва дуруст расонида тавонистанд”,- изҳор кард ҳамсуҳбати мо. Бояд гуфт, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази иттилоотии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати бемории сироятии COVID – 19 ва Маркази телефони боварии 511 ҳамкории зичро ташкил намуд. Тавассути барномаи “Ахбор” – и радиои “Тоҷикистон” пайвас­та хабарҳои дохиливу хориҷӣ дар хусуси роҳҳои пешгирии пандемия сари вақт дар эфир пахш мешуд. Дар барномаи “Меҳвар” профессори ДДТТ ба номи А. Сино, вирусолог Саидбек Сатторов доир ба бемории коронавирус сўҳбат намуданд. Ҳамарўза тавассути радиои “Тоҷикистон” пас аз нашри барномаи иттилоотии “Ахбор” роликҳои хусусияти фарогирии гигиенаи шахсӣ дар муқобила ба бемории COVID – 19 пахш мегардад. Гурўҳи эҷодии шабакаи “Садои Душанбе” низ як қатор барномаву гузоришҳои муфассал таҳия ва пешниҳоди шунавандагон гардониданд. Аз ҷумла дар барномаи “Здаровие +” вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сўҳбат ороста шуд. Дар барномаҳои “Ҳадаф”, “Хабар”, “Муошират” ва “Беҳдошт” ­ низ оид ба пешгирии паҳншавии бемории мазкур гузоришҳои муфассалро пешниҳоди шунавандаҳо гардонидаанд. Рўзноманигори идораи барномаҳои мусиқии радиои “Тоҷикистон” Дилшод Алсамадов низ баҳри болидарўҳии шунавандаҳо барномаи мусиқӣ – тафреҳии “Корвони савту наво” – ро ҳар ҳафта ба самъи шунавандаҳо мерасонад. “Рўзноманигорони мо пайваста аз бардурўғ будани овозаҳо шаҳрвандонро хабардор мекарданд. Чанд нафар аз кормандони мо низ ба беморӣ гирифтор шуданд. Хушбахтона нафарони сиҳат ба ҷои беморон хизмат карда, ҳар як нафар кўшиш мекард, ки вазифаашро дар назди халқ адо намояд. Фикр мекунам рисолати аввалини журналист ҳамин аст”,-мегўяд, Дилафрўз Рустамова. Мусоҳиби мо миннатдориашро нисбат ба раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид иброз намуд, ки дар ин шабу рўз мудом аз ҳоли кормандон пурсон мешуданд. Кўмакҳо ҳам расониданд. Роҳбарони шабакаҳоро ёдрас мекарданд, ки аз ҳоли нафарони бемор бохабар бошанд.

Д. Рустамова бар он назар аст, ки “ҷое, ки кор ҳаст, он ҷо бекамбудӣ намешавад. Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, ки камбудиҳоро бартараф намоем. Дар якҷоягӣ ҷашнҳои дарпешис­тодаро сазовор пешвоз гирем ва сарбаландона хизмат кунем. Мо рўзноманигорон, ки иқтидори чоруми давлатем, бо рисолати хеш пайваста баҳри ободию оромии Ватан хизмат хоҳем кард. Ҳар як шабакаи мо самти худро дорад. Сари вақт барномаҳоро омода намуда, пешниҳоди шунавандаҳо мегардонанд”. Дар воқеъ шабакаи “Овози тоҷик” ҷаҳониёнро бо ҳашт забон аз вазъи имрўзи Тоҷикистон огоҳ менамояд. Шабакаи “Фарҳанг” тавассути барномаҳои “Садои андеша”, “Фарҳанги рўз” шунавандаҳоро аз сўҳбатҳои мутахассисони соҳаи тиб бархурдор мегардонад. Ҳамчунин дар баробари ин, шабакаҳои мазкур ҳамарўза роликҳои тарғиботиро пахш менамоянд, то ки шунавандаҳо тавсияҳои оид ба гирифтор нашудан ба ин бемориро ҳамеша дар ёд дошта бошанд.

             Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо радиои “Тоҷикистон” хеле дас­ти тавоно дорад. Дар гўшаҳои дурдасттарини кишвар шунавандаҳои худро дорад. “Шунавандаҳои мо мардуми синну соли гуногунанд. Нафароне, ки барномаҳои радиои “Тоҷикистон” – ро гўш мекунанд, зираку ҳушманд ва хеле бофарҳанганд. Радио хусусияти ба худ хосро дорад. Радио на симоро нишон медиҳад ва на манзараро. Фақат муҳаббати гўяндаву шунавандаро дар худ таҷассум менамояд ва ин муҳаббатҳои самимӣ ҳазорсолаҳо дар хазинаи тиллоии радио маҳфуз мемонанд”,- афзуд дар идома Д. Рустамова. Бале асоси кори рузноманигорони радиои “Тоҷикистон” низ дар ҳамин аст. Байни гўяндаву шунаванда аз дил ба дил роҳест бениҳоят ҳамвор. “Дар фаъолияти семоҳаи кориам дарк кардам, ки моро дар ҳақиқат мешунаванд. Шунавандаҳои мо доим тайёранд барои шунидани барномаҳои мо. Бахусус барномаҳои мустақим.

Хотиррасон бояд кард, ки бе пахши барномаҳои мустақим дар замони муосир пешрафти радио ғайри имкон аст. Мо дар ин самт корҳои зиёдеро ба нақша гирифтаем, ки иҷрояшон оғоз шудааст”, – иброз намуд директори радиои “Тоҷикистон” Дилафрўз Рустамова.

Шоираи ДОДАРБЕК,

рўзноманигор

Бознашр аз нашрияи “Ҷаҳони паём”

№ 21 (1059) 10 июни соли 20202

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *