Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд

Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ низ барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.

Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.

Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.