Дар доираи боздид аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон абераи мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмади Дониш бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастовардҳо ва имкониятҳои ин муассисаи бонуфузи илмии кишвар шинос гардид.
Зимни боздид масъалаҳои ҳифзу омӯзиши мероси илмӣ ва адабии Аҳмади Дониш, нақши ӯ дар рушди илму фарҳанги тоҷик ва зарурати муаррифии бештари осори ин нобиғаи миллати тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
