Муҳлати патент тамдид шуд, вале ихроҷ таҳдид мекунад

Нисбати муҳоҷироне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то имрӯз бо сабабҳои гуногун дар қайд нагузаштаанд, ҳеҷ ҷазои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё дигар чораҳои ҳуқуқӣ андешида намешавад.

Бар асоси як фармони  Президенти Федератсияи Россия “Дар бораи чораҳои ҳуқуқӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи пандемияи COVID -19” (аз 18 апрели 2020, №274) муҳлати амали бақайдгирии муҳоҷирон, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, барои истиқомат ва патенти меҳнатӣ ба таври худкор (автоматӣ) дароз карда шуд.

Вале, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳоҷирони меҳнатии муқими Россия даъват ба амал овардааст, ки то 15 июни соли равон ба шӯъбаҳои ноҳиявии муҳоҷират дар маҳалли зисташон ҳозир шуда, худро ба қайд гиранд ва будубоши худро дар Россия тамдид намоянд. Дар акси ҳол, ба таври автоматӣ ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, ки рӯйхати ном ба номи шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ғайриқонунӣ қарор доранд, дар Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавҷуд аст ва муҳоҷирон барои ошноӣ бо ин рӯйхат ҷиҳати расмикунонии будубош дар Федератсияи Россия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоянд.

Ҳамчунин, ҳамватанони мо метавонанд барои гирифтани маьлумоти иловагӣ ба кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия муроҷиат кунанд.

Суроғаи Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон:

  1. ш. Душанбе:  225058; 2210840, 2210834
  2. ВМКБ  8(3522)-2-29-76;  2-29-76
  3. в. Суғд 8(3422) -6-52-99;  6-31-99
  4. в. Хатлон 8(3222)-2-38-08;  2-43-00

   Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия:

  1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049,   +7(910)4436335, +7(977)4888964, +7(967)2710202;
  2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
  3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
  4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
  5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
  6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
  7. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
  8. ш. Астрахан: +7(977)2720001.

E-mail: predmintruda@gmail.comwww.tajmigration.ru

E-mail: info@mehnat.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *