Дурнамои рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир

Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳон»

Чорабинии мазкур бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он олимону муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони сохторҳои гуногун иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш иштирокдорон масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ, нақши Конститутсия дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботу амнияти ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мутобиқшавии давлат ба равандҳои муосири ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори ташаккул ва рушди низоми давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини волоияти қонунро фароҳам овардааст.

Дар идомаи конференсия доир ба таҳдиду имкониятҳои ҷаҳони муосир, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дурнамои рушди давлатдории миллӣ андешаронӣ сурат гирифта, иштирокдорон пешниҳодҳои худро ироа намуданд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.