Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода ва дигар коршиносону меҳмони хориҷӣ аз ИМА Фаронса ва АМА ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки дар асри 21 зеҳни сунъи ба яке аз муҳимтарин самтҳои рушди илм ва иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва технологӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ҳамин аст, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Пешвои Миллат, экосистемаи зеҳни сунъӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат босуръат рушд карда, Тоҷикистон ба як минтақаи ҷолиб барои ширкатҳои пешсафи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ табдил ёфта истодааст.
То имрӯз соҳаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон тавонист ҳамкориҳои стратегиро бо ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ аз ИМА, Фаронса, АМА ва дигар мамлакатҳо ба роҳ монад. Ташаббусҳои муштарак аз таҳия ва эҷоди моделҳои забонии калон (LLM) то татбиқи ҳалли зеҳни сунъӣ дар бахшҳои гуногун маҳаки асосии ин ҳамкориҳоро ташкил доданд. Ва умед аст, натиҷаҳои ин конфронс ба таҳкими дустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои созанда миёни кишварҳо мусоидат намуда, ба рушди зеҳни сунъӣ ба манфиати тамоми ҷомеаи зеҳнӣ хизмат хоҳад кард.
Дигар ширкаткунандагон аснои сухнонӣ ин чорабиниро як минбари муҳим барои баррасии стратегияҳои рушди зеҳни сунъӣ, муаррифии ташаббусҳои миллӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил арзёбӣ намуданд.
Дар рафти Конфронс лоиҳаҳои калидии миллӣ дар соҳаи AI муаррифӣ шуданд.
Яке аз мавзӯъҳои калидии баррасишаванда масъалаи омодасозии кадрҳо гардид. Ҳамзамон Гуфта шуд, ки баргузории AI Conf 2025 дар Душанбе нақши фаъоли рӯзафзуни Тоҷикистонро дар экосистемаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ нишон медиҳад ва Тоҷикистон босуръати баланд инфрасохторро рушд дода, экосистемаи истеъдодҳоро ташаккул ва ба татбиқи технологияҳои экологӣ тавассути истифодаи манбаъҳои барқароршаванда машғул гардидааст. Ин иқдомҳо дурнамои навро барои рушди илм, тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба миён меоранд.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
