«Жигули» таҳия шуду бар асари садама 3 нафар фавтиданд

Имрӯз 19 апрели соли 2021, душанбе мебошад.

Сархатти хабарҳо

Дирӯз қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон дастаи овозадори «Истиқлол» дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2021 бо намояндаи ҳамсоякишвар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат намуд. Дар ин дидор варзишгарони тоҷик нахустин пирӯзии таърихиашонро дар бонуфузтарин мусобиқаи қораи Осиё соҳиб шуданд.

Тавре сомонаи варзиш менависад, голи аввалини дастаи “Истиқлол” бо ҷурми варзишгари ӯзбек ҳисобида шуд ва дар идомаи рақобат Манучехр Ҷалилов ва Муҳаммадҷон Раҳимов ба дарвозаи ҳариф голҳои худро ворид карданд.

Ҳамин тавр, бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» анҷом ёфт.


Дигар ин ки тӯли чанд рӯзи охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре давр мезад, ки кормандони як ширкати аудитии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасӣ дар Бонки Эсхата ба маризии “вируси корона” гирифтор шуда, дар пайи он кормандони бонк низ аз ташхис гузаштаанд. Дар посух ба ин хабар сухангӯи Вазорати тандурустӣ ба Спутник гуфтааст, ки аз 4 нафар шаҳрвандони Қазоқистон як нафарашон табъи баланд дошт ва ин шаҳрвандонро кормандони Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд дар меҳмонхонаи “Парламент” – и шаҳри Хуҷанд ба инзиво ё изолятсия гирифтанд. Ба таъкиди вазорат аз ин афрод, тест барои “вируси корона” гирифта шуд, ки ҷавоби онҳо ҳам дар Хуҷанд ва ҳам дар Душанбе  манфӣ баромад.


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бошад, аз марги 3 нафар дар роҳи Душанбе – Рашт рабар медиҳад. Ба иттилои Кумита автомашинаи тамғаи  “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳ берун ва дучори садама шудааст. Дар ин садама 3 мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.


Давоми рӯз шумо метавонед ба шарҳи бештари ин ва дигар хабарҳо дар сомонаи https://radiotoj.tj/ ошно шавед. Мо бошад, барномаро идома медиҳем.

Тақвими рӯз

Мувофиқи тақвим 19 апрели соли 1970 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин мошини ВАЗ-2101 «Жигули» таҳия гардид.

Ва соли 2000 дар қисмати марказии Руминия калонтарин кони тилло дар Аврупо кушода шуд.

Имрӯз Рӯзи гули бойчечак ва дар Россия рӯзи нашриёт аст.

Қурби асъор

Барои рӯзи 19 апрел 1 доллар ба 11,32 дирам, 1 евро ба 13,56 дирам ва 10 рубл ба 1,48 дирам баробар аст.

Обу ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳаво бебориш буда, рӯзона то +29° ва шабона то +12° гарм мешавад.

Ҳаво рӯзона дар шаҳри Хоруғ то +12° ва шабона то +3° гарм хоҳад шуд.

19 апрел ҳаво дар шаҳри Хуҷанд рӯзона то +25° ва шабона то +13° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе бошад, имрӯз ҳаврорати ҳаво рӯзона то +24° ва шабона то +10° гарм хоҳад шуд.

Радиои “Тоҷикистон”-ро дар рӯйи мавҷи 104,7 fm ва дар сомонаи https://radiotoj.tj/ пайгирӣ намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *