24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи наздик сохтани масофаи мактаб ба аҳолӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойи нишаст ва ба кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони деҳаи Пушинг сохта шудааст, ки дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд.
Маврид ба таъкиди хос аст, ки то замони бунёди муассисаи нави таълимӣ қисми зиёди хонандагон 3-4 километр роҳро тай намуда, дар дигар мактаб таҳсил мекарданд.
Соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳаи Пушинг барои иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат дар самти бунёди мактабҳои замонавӣ ва таъмини шароити беҳтари таҳсил дар онҳо аз моҳи январи соли 2025 барои бунёди мактаби замонавӣ иқдом гирифтанд.
Ҳамин тавр мактаб дар муҳлати 9 моҳ бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ сохта шуда, барои омӯзгорони ҷавон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд, шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам оварда шуд.
Муассисаи тозабунёд ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру сифати баланд сохта шуда, аз 27 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 200 курсӣ, толори варзишӣ барои гузаронидани бозиҳои валейболу баскетбол, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва майдони футболи хурд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, иқдоми навбатии соҳибкорони ноҳияи Данғараро намунаи олии саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа номиданд.
То соли 2018 дар ин ҷо, мактаби куҳнаи якошёна мавҷуд буд ва дар 12 синфхонаи он 700 хонанда дар ду баст таҳсил мекарданд. Норасоии ҷойи нишаст ва қисман то 3 километр дур будани аҳолӣ аз мактаби дигар барои хонандагон мушкилоти зиёд меовард, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон.
Бо дар назар гирифтани ҳамин мушкилот, дар ҷойи он, мактаби дуошёнаи замонавӣ сохта шуд, ки синфхонаҳои барҳавои он дорои имконоти мусоиди илмомӯзӣ мебошад.
Омӯзгорони ҷавони фанни физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ, ки барои идомаи фаъолият аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба мактабҳои деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд аз роҳандозии ин иқдом руҳбаланд шуда, ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои донишманд гардонидани насли ҷавон саҳми босазои хуро мегузоранд.
Дар маҷуъ пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ 20 омӯзгор бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона имкони хуби омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун барои хонандагон аст, ки барои ин омӯзгорони ботаҷриба низ ҷалб шудаанд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷ дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шудааст.
Дар шафати мактаб ҳамзамон барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ иншооти алоҳида сохта шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд.
Дар давоми як рӯз дар деҳоти Пушинг ду муассисаи нави таълимии дорои шароити мусоиди таълиму тадрис ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат дар идомаи боздид нақши омӯзгорро дар тарбияи ҷавонони худшиносу ватанпарвар ва пешрафти ҷомеа муҳим номида, иброз доштанд, ки баҳри таъмини шароити зисти онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар давоми ду рӯзи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар марказ ва деҳоти он 5 муассисаи нави таълимӣ бо 8500 хонанда дар ду баст ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1050 кӯдак ба истифода дода шуд, ки ин намунаи олии саҳмгузорӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Данғара дар рушди соҳаи маориф мебошад.
